Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: дубайтӣ

Шеърҳои марбут ба теги «дубайтӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Зи ишқат оташе дар бӯта дирам,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Зи ишқат оташе дар бӯта дорам, Дар он оташ дилу ҷон сӯта дорам. Сагат гар по ниҳад бар чашм, эй дӯст, Ба мижгон хоки роҳаш рӯта дорам.

Бура, сӯтадило, то мо бинолем,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Бура, сӯтадило, то мо бинолем, Зи дасти ёри бепарво бинолем. Бишем бо булбули шайдо ба гулшан. Агар булбул нанола, мо бинолем.

Агар ҷоят ба чархи чанбарин бӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Агар ҷоят ба чархи чанбарин бӣ, Мудумат гурги марг андар камин бӣ. Агар сад сол дар дунё бимунӣ, Дар охир манзилат зери замин бӣ.

Та, ки хуршеди авҷи дилрабоӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Та, ки хуршеди авҷи дилрабоӣ, Чунин бераҳму сангдил чароӣ? Ба аввал он ҳама меҳру муҳаббат, Ба охир роҳу расми бевафоӣ?!

Зи дил меҳри рухи ту рафтанӣ не,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Зи дил меҳри рухи ту рафтанӣ не, Ғами ишқат ба ҳар кас гуфтанӣ не, Валекин сӯзиши меҳру муҳаббат Миёни мардумун бинҳуфтанӣ не.

Бало мардаш ба коми дилбарам бӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Бало мардаш ба коми дилбарам бӣ, Суханҳои хушаш тоҷи сарам бӣ. Агар шоҳам бибахшад мулки Шероз, Ҳамон беҳтар, ки дилбар дар барам бӣ.

Дили шод аз дили зораш хабар не,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Дили шод аз дили зораш хабар не, Саломатрӯз бемораш хабар не. Зи тақсири та ин расми қадима, Ки озод аз гирифтораш хабар не.

Азизун, аз ғаму дарди ҷудоӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Азизун, аз ғаму дарди ҷудоӣ, Ба чашмонам намонда рӯшноӣ. Гирифторам ба доми ғурбату дард, На ёру ҳамдаме, на ошное.

Ҳар ун кас, молу ҷоҳаш бештар бӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Ҳар ун кас, молу ҷоҳаш бештар бӣ, Дилаш аз дарди дунё рештар бӣ. Агар бар сар ниҳад чун хусравун тоҷ, Ба ширин ҷонаш охир нештар бӣ.

Ба гӯристон гузар кардам сабоҳе,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Ба гӯристон гузар кардам сабоҳе, Шунидам нолаву афғону оҳе. Шунидам, каллае бо хок мегуфт, Ки ин дунё намеарзад ба коҳе.

Зи дасти ишқ ҳар шав ҳолам ин бӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Зи дасти ишқ ҳар шав ҳолам ин бӣ, Сарирам хишту болинам замин бӣ. Хушам ин бӣ, ки му та дӯст дирам, Ҳар он та дӯст дора, ҳолаш ин бӣ.

Чи хуш бӣ, меҳрубонӣ ҳар ду сар бӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Чи хуш бӣ, меҳрубонӣ ҳар ду сар бӣ, Ки як сар меҳрубонӣ дарди сар бӣ. Агар Маҷнун дили шӯридае дошт, Дили Лайлӣ аз он шӯридатар бӣ.

Маро девонаву шайдо та дирӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Маро девонаву шайдо та дирӣ, Маро саргаштаву расво та дирӣ. Намедунам, дилам дорад куҷо ҷой, Намедунам, ки дар вай ҷо та дирӣ.

Нигори тозахези му, куҷоӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Нигори тозахези му, куҷоӣ, Ба чашмон сурмарези му, куҷоӣ. Нафас бар синаи Тоҳир расида, Дами мурдан, азизи му, куҷоӣ?

Хаёлат мекарам му гоҳ-гоҳе,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Хаёлат мекарам му гоҳ-гоҳе, Мусибат бу, агар муро нахоҳӣ. Та, ки кардӣ муро олуда дар хун, Набошад ранги болои сиёҳе.

Му аҳволам хароба, гар ту ҷӯӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Му аҳволам хароба, гар ту ҷӯӣ, Ҷигарбандам хароба, гар ту ҷӯӣ, Та, ки рафтию ёри нав гирифтӣ, Қиёмат ҳам ҳисоба, гар ту ҷӯӣ.

Дилам булбулсифат ҳайрони гул бӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Дилам булбулсифат ҳайрони гул бӣ, Дарунам чун дарахти пай ба гил бӣ. Хуноба бор дирам арғувонвор, Дарахти наҳла бораш хуни дил бӣ.

Замони лолазорун ҳафтае бӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Замони лолазорун ҳафтае бӣ, Ки фасли навбаҳорун ҳафтае бӣ. Ғанимат дун висоли ёри ҷонӣ, Ки васли рӯи ёрун ҳафтае бӣ.

Зи мушки Чин сияҳтар сунбулат бӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Зи мушки Чин сияҳтар сунбулат бӣ, Ҳазорон дил ба қайди кокулат бӣ. Набошад нолаамро дар дилат роҳ, Зи хора сахттар гӯё дилат бӣ.

Бимирам, то та чашми тар навинӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Бимирам, то та чашми тар навинӣ, Шарори оҳи пурозар навинӣ. Чунон аз оташи ишқат бисӯзам, Ки аз му ранги хокистар навинӣ.

Дил аз дасти ғамат зеру забар бӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Дил аз дасти ғамат зеру забар бӣ, Ду чашмонам пур аз хуни чигар бӣ. Ҳар он ёри азизаш нозвар бӣ, Дилаш пурғусса, ҷонаш пуршарар бӣ.

Дили му з-оташи ғам сӯтанӣ бӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Дили му з-оташи ғам сӯтанӣ бӣ, Ба ҷонам сӯзи ишқ афрӯтанӣ бӣ. Гираҳ нокарда ришта дар кафанҳо, Ба шоҳону гадоён дӯтанӣ бӣ.

Чӣ воҷам, ҳарчӣ воҷам, вота шон бӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Чӣ воҷам, ҳарчӣ воҷам, вота шон бӣ, Сухан аз бешу аз кам вота шон бӣ. Ба дарё му шудам, гавҳар барорам, Ҳар он гавҳар, ки дидам, вота шон бӣ.

Ба дунёи данӣ кай монданӣ бӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Ба дунёи данӣ кай монданӣ бӣ, Ки доман бар ҷаҳон афшонданӣ бӣ. Ҳаме «Ло тақнату» хонӣ, азизо, Дило, «Ё вайлано» ҳам хонданӣ бӣ.

Саҳаргоҳон, ки булбул бар гул оӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Саҳаргоҳон, ки булбул бар гул оӣ, Ашки чашмам ба домон гул-гул оӣ. Равам, дар пои гул афғон карам сар, Ки ҳар сӯтадиле дар ғулғул оӣ.

Саҳифаи 1 аз 12