Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: дубайтӣ

Шеърҳои марбут ба теги «дубайтӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Азизо, косаи чашмам сароят,

👁 6

Азизо, косаи чашмам сароят, Миёни ҳар ду чашмам хоки поят. Аз он тарсам, ки ғофил по ниҳӣ боз, Нишинад хори мижгонам ба поят.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Бувад дарди муву дармунам аз дӯст,

👁 9

Бувад дарди муву дармунам аз дӯст, Бувад васли муву ҳиҷрунам аз дӯст. Агар қассобам аз тан во кара пӯст, Ҷудо ҳаргиз нагарда ҷунам аз дӯст.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Шаби торику сангистону му маст,

👁 8

Шаби торику сангистону му маст, Қадаҳ аз дасту му афтоду нашкаст. Нигаҳдорандааш некӯ нигаҳ дошт, В-агарна сад қадаҳ н-афтода бишкаст.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Та, ки нохондаӣ илми самовот,

👁 12

Та, ки нохондаӣ илми самовот, Та, ки нобурдаӣ раҳ дар харобот, Та, ки суду зиёни худ назунӣ, Ба ёрун кай расӣ, ҳайҳот, ҳайҳот.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Тани меҳнаткаше дирам, Худоё,

👁 8

Тани меҳнаткаше дирам, Худоё, Дили ҳасраткаше дирам, Худоё. Зи шавқи маскану доди ғарибӣ Ба сина оташе дирам, Худоё.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Бибандам шолу мепӯшам қадакро,

👁 5

Бибандам шолу мепӯшам қадакро, Бинозам гардиши чархи фалакро. Бигардам оби дарёҳо саросар, Бишӯям ҳар ду дасти бенамакро.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Хомӯш куну фанни хомӯшӣ гир

👁 82

Хомӯш куну фанни хомӯшӣ гир, Бигзор ту лофи пурфаниро. Зеро, ки дил аст ҷойи имон, Дар дил медор муъминиро!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Худовандо, ба фарёди дилам рас,

👁 36

Худовандо, ба фарёди дилам рас, Каси бекас туӣ, му монда бекас. Ҳама гӯянд: Тоҳир кас надора, Худо ёри мана, чӣ ҳоҷати кас?

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Зи дасти дидаву дил ҳар ду фарёд,

👁 46

Зи дасти дидаву дил ҳар ду фарёд, Ҳар он чи дида бинад, дил кунад ёд. Бисозам ханҷаре, нешаш зи фӯлод, Занам бар дида, то дил гардад озод.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Гул дигар раҳ ба гулситон омад

👁 27

Гул дигар раҳ ба гулситон омад, Вораи боғу бустон омад. Вори озар гузашту шуълаи он Шуълаи лоларо замон омад.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Агар дил дилбару, дилбар кадом аст?

👁 37

Агар дил дилбару, дилбар кадом аст? В-агар дилбар дилу, дилро чӣ ном аст? Дилу дилбар ба ҳам оина винам, Надунам, дил киву дилбар кадом аст?

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Саҳифаи 12 аз 12