Шеърҳо бо теги: дубайтӣ
Шеърҳои марбут ба теги «дубайтӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ҷигар пурдард то кай ояму шам,
Ҷигар пурдард то кай ояму шам, Зи васлат фард то кай ояму шам. Чаро гӯӣ, ки дар кӯям наёӣ, Му то кай бо рухи зард ояму шам?
Сари кӯи ту то чанд ояму шам,
Сари кӯи ту то чанд ояму шам, Зи васлат бенаво чанд ояму шам? Сари кӯят барои дидани ту, Натарсӣ аз Худо, чанд ояму шам?!
Ҳазорон мулки дунё гар бидорам,
Ҳазорон мулки дунё гар бидорам, Ҳазорон мулки уқбо гар бидорам. Бура, та дилбарам, то бо та вожам, Ки бе рӯи ту онро гар бидорам.
Ғами олам ҳама кардӣ ба борам,
Ғами олам ҳама кардӣ ба борам, Магар му луки масти сарқаторам. Маҳорам кардию додӣ ба нокас, Фузудӣ ҳар замон боре ба борам.
Дилоро, бе ту зору нотавонам,
Дилоро, бе ту зору нотавонам, Ҷигар пурхору пурхас дидагонам. Ҳамон дастон, ки во та бу ба гардан, Кунунаш чун магас бар сар занонам.
Ҳазорон ғам ба дил андӯта дирам,
Ҳазорон ғам ба дил андӯта дирам, Ба сина оташе афрӯта дирам. Ба як оҳи саҳаргоҳ аз дили танг Ҳазорон муддаиро сӯта дирам.
Зи ишқат оташе дар бӯта дирам,
Зи ишқат оташе дар бӯта дирам, Дар ун оташ дилу хун сӯта дирам. Сагат гар по ниҳад бар чашмам, эй дӯст, Ба мижгун хоки роҳаш рӯта дирам.
Гулистон ҷои ту, эй нозанинам,
Гулистон ҷои ту, эй нозанинам, Му дар гулхан ба хокистар нишинам. Чи дар гулшан, чи дар гулхан, чи саҳро, Чу дида во карам, ҷуз ту навинам.
Азизон, мо гирифтори ду дардем,
Азизон, мо гирифтори ду дардем, Яке баднақшию дигар, ки фардем. Насиби мо набу, ки мо та винем, Ҷамолат як назар нодида мурдем.
Зи ҳоли хештан му бехабар бим,
Зи ҳоли хештан му бехабар бим, Назунам дар сафар ё дар ҳазар бим. Фиғон аз дасти ту, эй бемурувват, Ҳамезунам, ки умре дарбадар бим.
Шавон исторагон як-як шуморам,
Шавон исторагон як-як шуморам, Бува нимашавон гӯш во та дорам. Пас аз нимашавон, ки то наёӣ, Бурони ашк аз дида биборам.
Назунӣ, эй фалак, ки мустамандам,
Назунӣ, эй фалак, ки мустамандам, Во му пур бад макан, ки дардмандам. Ба як гардиш, ки мегардӣ, бибинӣ, Чу ришта му ба сомонат бибандам.
Фалак кай бишнавад оҳу фиғонам,
Фалак кай бишнавад оҳу фиғонам, Ба ҳар гардиш занад оташ ба ҷонам. Як умре бигзаронам бо ғаму дард, Ба коми дил нагардад осмонам.
Ба дил дарди ғамат боқӣ ҳанӯзам,
Ба дил дарди ғамат боқӣ ҳанӯзам, Касе воқиф набу аз дарди сӯзам. Набу як булбули сӯта ба гулшан, Ба сӯзи му набу кофар ба рӯзам.
Аз он дилхаставу синафигорам,
Аз он дилхаставу синафигорам, Ки гирён дар таҳи санги мазорам. Бивоҷандам, ки та шӯре надорӣ, Саропо шӯр дорам, шар надорам.
Ба шав маҳви рухи маҳпора ҳастам,
Ба шав маҳви рухи маҳпора ҳастам, Ба рӯз аз дарду ғам бечора ҳастам. Ту дорӣ дар макони худ қароре, Муям, ки дар ҷаҳон овора ҳастам.
Аз он ангуштнамои рӯзгорам,
Аз он ангуштнамои рӯзгорам, Ки дур афтода аз ёру диёрам. Назунам қасди ҷон кардам ба ноҳақ, Ба ҷуз бар сар задан чора надорам.
Бура, як дам бинолему бисӯҷем,
Бура, як дам бинолему бисӯҷем, Аз он рӯе, ки ҳар ду тирарӯҷем. Та, булбул, ҳошалиллаҳ мисли мунӣ, Набу ҷуз дарду ғам як умр рӯҷем.
Ба оҳе гунбади хазро бисӯҷам,
Ба оҳе гунбади хазро бисӯҷам, Фалакро ҷумла сар то по бисӯҷам. Бисӯҷам, ар на корамро бисоҷӣ, Чӣ фармоӣ: Бисоҷӣ ё бисӯҷам?
Агар чашмам бидӯзӣ, дӯта хоҳам,
Агар чашмам бидӯзӣ, дӯта хоҳам, В-агар ҷисмам бисӯҷӣ, сӯта хоҳам. Агар боғам барӣ, бар чидани гул, Гули ҳамрангу ҳамбӯи та хоҳам.
Сари кӯҳи баланд чандон нишинам,
Сари кӯҳи баланд чандон нишинам, Ки лола сар дарора, му бичинам. Чу лола бевафо бу, бевафо бу, Нигори бевафо му чун гузинам?
Му аз ҷаври бутон дил реш дирам,
Му аз ҷаври бутон дил реш дирам, Зи лола доғ бар дил беш дирам. Чу фардо номахонон нома хонанд, Му аз хиҷлат саре дар пеш дирам.
Му, ки афсурдаҳолам, чун нанолам,
Му, ки афсурдаҳолам, чун нанолам, Шикаста парру болам, чун нанолам? Ҳама гӯян: Фалонӣ, нола кам кун, Та оӣ дар хаёлам, чун нанолам?
Дилам дур асту аҳволаш назунам,
Дилам дур асту аҳволаш назунам, Касе хоҳад, ки пайғомаш расунам. Худовандо, зи маргам мӯҳлате деҳ, Ки дидоре ба дидораш расунам.
Хуш он соат, ки дидори ту винам,
Хуш он соат, ки дидори ту винам, Каманди анбаринтори ту винам. Навина хуррамӣ ҳаргиз дили му, Магар он дам, ки рухсори ту винам.