Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: дубайтӣ

Шеърҳои марбут ба теги «дубайтӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Бура, эй дил, бура, ёри пушаймон,

👁 8

Бура, эй дил, бура, ёри пушаймон, Макун коре, к-аз он гардӣ пушаймон. Ба ду рӯзе ба нокомӣ сар орем, Биша рӯзе, ки гул чинем ба домон.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Хушо онон, на сар доран, на сомон,

👁 10

Хушо онон, на сар доран, на сомон, Нишинан, ҳар ду по печон ба домон. Шавад рӯзон, сабурӣ пеш гиран Ба ёди рӯи дилдорон мудомон.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Дило чунӣ, дило чунӣ, дило чун,

👁 11

Дило чунӣ, дило чунӣ, дило чун, Ҳама хунӣ, ҳама хунӣ, ҳама хун. Зи баҳри Лайлии симинъизоре Чу Маҷнунӣ, чу Маҷнунӣ, чу Маҷнун.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Агар мастони мастем, аз та имон,

👁 12

Агар мастони мастем, аз та имон, Агар бе пову дастем, аз та имон. Агар ҳинду, агар габр, ар мусалмон, Ба ҳар миллат, ки ҳастем, аз та имон.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Бура, бура, ки дидори та винам,

👁 11

Бура, бура, ки дидори та винам, Гулу сунбул зи дидори та чинам. Ҳамин шавқам будӣ солуну моҳун, Ки дар рӯзе даме бо та нишинам.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Бура, эй рӯи та боғу баҳорам,

👁 6

Бура, эй рӯи та боғу баҳорам, Хаёлат мӯниси шабҳои торам. Худо дуна, ки дар дунёи фонӣ Ба ғайр аз ишқи та коре надорам.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Ба умри хештан то ёд дирам,

👁 9

Ба умри хештан то ёд дирам, Зи ҳаҷрат нолаву фарёд дирам. Надорам хотири шоде ба хотир, Ҳамеша хотири ношод дирам.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Ғами ишқи та модарзод дирам,

👁 13

Ғами ишқи та модарзод дирам, На аз омӯзиши устод дирам. Хушам бо он, ки аз юмни ғами та Харобободи дил обод дирам.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Бар сар ғайри та савдое надирам,

👁 10

Бар сар ғайри та савдое надирам, Ба дил ҷуз та таманное надирам. Худо зуна, ки дар бозори ишқат Ба ҷуз ҷун ҳеч колое надирам.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Бар сар шавқи сари кӯи та дирам,

👁 10

Бар сар шавқи сари кӯи та дирам, Ба дил меҳри маҳи рӯи та дирам. Бути ман, Каъбаи ман, қиблаи ман, Таӣ ҳар сӯ, назар сӯи та винам.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Му он меҳнаткаши ҳасратнасибам,

👁 7

Му он меҳнаткаши ҳасратнасибам, Ки дар ҳар мулку ҳар буме ғарибам. Набу рӯзе, ки оӣ бар сари ман, Дами охир бувинам му ҳабибам.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Дило, аз дасти танҳоӣ ба ҷунам,

👁 23

Дило, аз дасти танҳоӣ ба ҷунам, Зи оҳу нолаи худ дар фиғунам. Шавони тор аз дарди ҷудоӣ Кара фарёд мағзи устухунам.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Му он риндам, ки исён пеша дирам,

👁 14

Му он риндам, ки исён пеша дирам, Ба дасте ҷому дасте шиша дирам. Агар ту бегуноҳӣ, рав малак шав, Ман аз Ҳаввову Одам реша дирам.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Биё, то даст аз ин олам бидорем,

👁 8

Биё, то даст аз ин олам бидорем, Биё, то пои дил аз гил барорем. Биё, то бурдборӣ пеша созем, Биё, то тухми некӯӣ бикорем.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Ман ун мискини беқадру бар астам,

👁 16

Ман ун мискини беқадру бар астам, Ман ун сӯзанда шамъи бесар астам. На кори охират, на кори дунё, Ман ун хушкида нахли бебар астам.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Зи бахти бад ҳазор андеша дирам,

👁 10

Зи бахти бад ҳазор андеша дирам, Ҳамеша заҳри ғам дар шиша дирам. Зи носозии бахту гардиши чарх Фиғону оҳу зорӣ пеша дирам.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Ба ғайр аз та дигар ёре надирам,

👁 14

Ба ғайр аз та дигар ёре надирам, Ба ағёре сару коре надирам. Ба дуккони ту он косид матоъам, Ки асло рӯи бозоре надирам.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Ба ханҷар гар дароран дидагунам,

👁 7

Ба ханҷар гар дароран дидагунам, Ба оташ гар бисӯзан устухунам, Агар бар нохунунам най бикӯбан, Нагирам дил зи ёри меҳрабунам.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Фалак, барҳам задӣ охир асосам,

👁 9

Фалак, барҳам задӣ охир асосам, Задӣ бар хумраи нилӣ либосам. Агар дорӣ барот аз қасди ҷонам, Бикан охир аз ин дунё асосам.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Илоҳӣ, душманатро хаста винам,

👁 6

Илоҳӣ, душманатро хаста винам, Ба сина-ш ханҷаре то даста винам. Сари шав оям, аҳволаш бипурсам, Саҳар оям, мазораш баста винам.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Му он мастам, ки по аз сар назунам,

👁 6

Му он мастам, ки по аз сар назунам, Сару пое ба ҷуз дилбар назунам. Дилороме, к-аз ӯ гирад дил ором, Ба ғайр аз соқии Кавсар назунам.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Шаве нолам, шаве шавгир нолам,

👁 4

Шаве нолам, шаве шавгир нолам, Зи дасти ёри бетадбир нолам. Гаҳе ҳамчун паланги тирхӯрда, Гаҳе чун шери дар занҷир нолам.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Ту худ гуфтӣ, ки му маллоҳ монам,

👁 6

Ту худ гуфтӣ, ки му маллоҳ монам, Ба оби дидагон киштӣ биронам. Ҳаметарсам, ки киштӣ ғарқ во бу, Дар ин дарёи бепоён бимонам.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Му, ки дур аз туам, зуннор бандам,

👁 4

Му, ки дур аз туам, зуннор бандам, Яҳуду бутпарастам, гар бихандам. Пас аз аҳду вафоят, эй дилором, Дигар аҳду вафо бо кас набандам.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Бура, к-аз дида Ҷайҳуне бисозам,

👁 5

Бура, к-аз дида Ҷайҳуне бисозам, Бура, Лайлию Маҷнуне бисозам. Фаридуни азиз аз дасти му рафт, Бура, аз нав Фаридуне бисозам.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Саҳифаи 7 аз 12