Шеърҳо бо теги: дубайтӣ
Шеърҳои марбут ба теги «дубайтӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Дар ин буму баронам парвариш на,
Дар ин буму баронам парвариш на, Шавонам ҷову рӯзонам хуриш на. Саре дирам, ки мағзе андар ӯ не, Тане дирам, ки парвои сараш на.
Муро, эй дилбари му, бо та кора,
Муро, эй дилбари му, бо та кора, В-агарна дар ҷаҳон бисёр ёра. Куҷо парвои чун му сӯта дирӣ, Чу му булбул ба гулзорат ҳазора.
Чи дайра ин, ки дораш озарина,
Чи дайра ин, ки дораш озарина, Чи дашта ин, ки хунхорош замина. Магар буму бари мискиндилуна, Магар саҳрои ишқи нозанина?
Чу му як сӯтадил парвонае на,
Чу му як сӯтадил парвонае на, Ба олам ҳамчу му девонае на. Ҳама морону мӯрон лона диран, Мани девонаро вайронае на.
Дилам аз ишқи хубон гиҷу виҷа,
Дилам аз ишқи хубон гиҷу виҷа, Мижа бар ҳам занам, хунова реҷа. Дили ошиқ мисоли чӯби тар бӣ, Саре сӯҷа, саре хунова реҷа.
Дилам аз дарди та доим ғамина,
Дилам аз дарди та доим ғамина, Ба болин хиштаму бистар замина. Ҳамин ҷурмам, ки му та дӯст дирам, На ҳар, к-ат дӯст дира, ҳолаш ина.
Насиби кас набӣ дарди дили му,
Насиби кас набӣ дарди дили му, Ки бисёра ғами беҳосили му. Касе бу, аз ғаму дардам хабардор, Ки дора мушкиле чун мушкили му.
Бура, бура, ки ҷононам туӣ, ту,
Бура, бура, ки ҷононам туӣ, ту, Бура, бура, ки султонам туӣ, ту. Та худ зунӣ, ки ғайр аз ту назунам, Бура, бура, ки имонам туӣ, ту.
Шаве набвад, ки дил пурғам намебу,
Шаве набвад, ки дил пурғам намебу, Ки он дилбар даме ҳамдам намебу. Ҳазорон раҳмати ҳақ бод бар ғам, Замоне аз дили му кам намебу.
Шави торат бувинам тор- тору,
Шави торат бувинам тор- тору, Гирифта зулматаш ҳар бурҷу бору. Худоё, рӯшноӣ бар дилам деҳ, Ки то бинам ҷамоли ҳашту чору.
Ғами ишқи та кай дар ҳасрат ояд,
Ғами ишқи та кай дар ҳасрат ояд, Ҳумое, кай ба ҳар буму бар ояд. Зи ишқат сарфарозон ком ёбанд, Ки хур аввал ба куҳсорун барояд.
Ба валлоҳӣ, ки ҷононам туӣ, ту,
Ба валлоҳӣ, ки ҷононам туӣ, ту, Ба султони араб, ҷонам туӣ, ту. Намедунам, ки чунам ё ки чандам, Ҳамедунам, ки дармонам туӣ, ту.
Диле дирам, даме хуррам намебу,
Диле дирам, даме хуррам намебу, Ғаме дирам, ки ҳаргиз кам намебу. Хате дирам му аз хубони олам, Ки ёри бевафо ҳамдам намебу.
Диле дорам, ки беҳбудаш намебу,
Диле дорам, ки беҳбудаш намебу, Насиҳат мекарам, судаш намебу. Ба бодаш медиҳам, н-аш мебарад бод, Дар оташ мениҳам, дудаш намебу.
Навои нола ғам андӯта дуну,
Навои нола ғам андӯта дуну, Иёри қалби холис бӯта дуну. Бура, сӯтадилон во ҳам бинолем, Ки қадри сӯтадил дилсӯта дуну.
Саре дорам, ки сомонаш намебу,
Саре дорам, ки сомонаш намебу, Ғаме дорам, ки поёнаш намебу. Агар бовар надорӣ, сӯи ман ой, Бувин дарде, ки дармонаш намебу.
Барандам ҳамчу Юсуф гар ба зиндон,
Барандам ҳамчу Юсуф гар ба зиндон, Ва ё нолам зи ғам чун мустамандон. Агар сад боғбон хасмӣ намояд, Мудом оям ба гулзори ту хандон.
Илоҳӣ, оташи ишқам ба ҷон зан,
Илоҳӣ, оташи ишқам ба ҷон зан, Шарар з-он шӯълаам бар устухон зан. Чу шамъам барфурӯз аз оташи ишқ, Бар он оташ дилам парвонасон зан.
Он ки бехону бемона, манам, ман,
Он ки бехону бемона, манам, ман, Он ки баргаштасомона, манам, ман. Он ки шомон ба андӯҳ мекара рӯз, Он ки рӯзаш чу шомона, манам, ман.
Дилам тангу надонам сабр кардан,
Дилам тангу надонам сабр кардан, Зи дилтангӣ бувам розӣ ба мурдан. Зи шарми рӯи та му дар ҳиҷобам, Надонам арзи ҳолам во та кардан.
Гуле киштам пайи Алванд домон,
Гуле киштам пайи Алванд домон, Аваш аз дида додам субҳу шомон. Вақти он бӣ, ки бӯяш во му оӣ, Ба раҳ бодаш бара сомон ба сомон.
Зи дасти му кашидӣ боз домон,
Зи дасти му кашидӣ боз домон, Зи кирдорат набӣ як ҷав пушаймон. Равам, охир ба домане занам даст, Ки то аз вай расад корам ба сомон.
Агар дастам расад бар чархи гардун,
Агар дастам расад бар чархи гардун, Аз ӯ пурсам, ки ин чун асту он чун. Якеро додаӣ сад гуна неъмат, Якеро қурси ҷав, олуда дар хун.
Биё, ҷоно, дили пурдарди ман бин,
Биё, ҷоно, дили пурдарди ман бин, Сиришки сурху ранги зарди ман бин. Ғами маҳҷурию дарди сабурӣ, Биё, бар ҷони ғампарварди ман бин.
Дилам аз дасти та нолона, нолон
Дилам аз дасти та нолона, нолон Андаруни дилам хун гашта полон. Ҳазорон қавл бо мо беш кардӣ, Ҳама қавлони та болону болон.