Шеърҳо бо теги: дубайтӣ
Шеърҳои марбут ба теги «дубайтӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ғамам бе ҳадду дардам бешумора,
Ғамам бе ҳадду дардам бешумора, Фиғон, к-ин чораву дармун надора. Худовандо, надуна носеҳи му, Ки фарёди дилам беихтиёра.
Азизон, мавсими ҷӯши баҳора,
Азизон, мавсими ҷӯши баҳора, Чаман пурсабза, саҳро лолазора. Дар ин мавсим даме фурсат ғанимат, Ки дунёи данӣ беэътибора.
Хур аз хуршеди рӯыят шарм дора,
Хур аз хуршеди рӯыят шарм дора, Маҳи нав з-абруят озарм дора. Ба шаҳру кӯҳу саҳро ҳар кӣ винам, Забони дил ба васфат гарм дора.
Дарахти ғам ба ҷонам карда реша,
Дарахти ғам ба ҷонам карда реша, Ба даргоҳи Худо нолам ҳамеша. Азизун, қадри якдигар бидунед, Аҷал санг асту одам мисли шиша.
Маро ишқат зи ҷон озар барора,
Маро ишқат зи ҷон озар барора, Зи пайкар мушти хокистар барора. Ниҳоли меҳрат аз дил гар бибурран, Ҳазорон шох ҳар сӯ сар барора.
Бало рамзе зи болои та боша,
Бало рамзе зи болои та боша, Ҷунун қисме зи савдои та боша. Ба суратофаринам ин гумона, Ки пинҳон дар тамошои та боша.
Ду чашмамро та хунполо кунӣ, та,
Ду чашмамро та хунполо кунӣ, та, Кулоҳи ақлам аз сар во кунӣ та. Агар Лайлӣ бипурса ҳоли Маҷнун, Назар ӯро суи саҳро кунӣ та.
Надунам луту урёнам кӣ карда,
Надунам луту урёнам кӣ карда, Худам ҷаллоду беҷунам кӣ карда. Бидеҳ ханҷар, ки то сина кунам чок, Бубинам, ишқ бар ҷунам чӣ карда.
Диле дирам чу мурғи пошикаста,
Диле дирам чу мурғи пошикаста, Чу киштӣ бар лаби дарё нишаста. Ҳама гӯян, ки Тоҳир, тор бинвоз, Садо чун медиҳад тори гусаста?
Сарам савдои гесӯи та дора,
Сарам савдои гесӯи та дора, Дилам меҳри маҳи рӯи та дора. Агар чашмам ба моҳи нав кара майл, Назар бар тоқи абрӯи та дора.
Дили му ғайри та дилбар нагира,
Дили му ғайри та дилбар нагира, Ба ҷои ҷавҳаре ҷавҳар нагира. Дили му сӯтаву меҳри та озар, Буте носӯта, озар дар нагира.
Сарам чун гӯй дар майдон бигарда,
Сарам чун гӯй дар майдон бигарда, Дилам н-аз аҳду н-аз паймон бигарда. Агар даврон ба номардун бимуна, Нишинам, то дигар даврон бигарда.
Куҷо бӣ ҷои та, эй ёри дилхоҳ,
Куҷо бӣ ҷои та, эй ёри дилхоҳ, Ки то му биспарам он ҷойгаҳ роҳ. Ҳама ҷо ҷои та, му кӯрботин, Ғалат вотам, ғалат, астағфируллоҳ.
Зи ғам ҷон дар танам даргир дора,
Зи ғам ҷон дар танам даргир дора, Сарам дар раҳни теғи обдора. Надорам ихтиёре аз чӣ ҷӯшаш, Дили му тоби ин савдо надора.
Дил ар меҳрат наварза, бар чӣ арза,
Дил ар меҳрат наварза, бар чӣ арза, Нахоҳам дил, ки меҳри та наварза. Гиребон ҳар кӣ аз дастат кара чок, Ба як олам гиребон во биярза.
Ғаму дарди дили ту беҳисоба,
Ғаму дарди дили ту беҳисоба, Худо дуна, ки мурғи дил кабоба. Бинозам дасту бозуи та, ҷаллод, В-агар қатлам карӣ, валлаҳ, савоба.
Саҳаргоҳон фиғони булбулона,
Саҳаргоҳон фиғони булбулона, Ба ёди рӯи пурнури гулона. Зи оҳи му, фалак, охир ҳазар кун, Асар дар нолаи сӯтадилона.
Ба дунё мисли му дилсӯтае на,
Ба дунё мисли му дилсӯтае на, Ба дарди сӯз ғамандӯтае на. Чунон бандам раҳи сели ду дида, Ки ин захми дилам лавсӯтае на.
Дили му доим андар мотами та,
Дили му доим андар мотами та, Ба дил пайваста бӣ дарду ғами та. Чӣ пурсӣ, ки чаро қаддат бибу хам? Хами қаддат аз он печу хами та.
Ҳар он дилбар, ки чашми маст дора,
Ҳар он дилбар, ки чашми маст дора, Ҳазорон чун мане побаст дора. Миёни ошиқон он моҳсимо Чу шеъри ман баланду паст дора.
Ғарибӣ сахт маро дилгир дора,
Ғарибӣ сахт маро дилгир дора, Фалак бар гарданам занҷир дора. Фалак, аз гарданам занҷир бардор, Ки ғурбат хоки домангир дора.
Ба дунё му навинам ком бе та,
Ба дунё му навинам ком бе та, Ба дас ҳаргиз нагирам ҷом бе та. Биларзам рӯзу шав чун беди Маҷнун, Надорам як нафас ором бе та.
Дили ошиқ ба пайғоме бисоҷа,
Дили ошиқ ба пайғоме бисоҷа, Хуморолуда бо ҷоме бисоҷа. Маро кайфияти чашми ту кофист, Қаноатгар ба бодоме бисоҷа.
Сарҳаргоҳон, ки ашкам лова гира,
Сарҳаргоҳон, ки ашкам лова гира, Зи оҳам ҳафт чарх олова гира. Чунон резам зи дида ашки хунин, Ки гетӣ сар ба сар селова гира.
Бе та як дам дилам хуррам намуна,
Бе та як дам дилам хуррам намуна, В-агар рӯи та винам, ғам намуна. Агар дарди дилам қисмат намоян, Дили бедард дар олам намуна.