Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: дубайтӣ

Шеърҳои марбут ба теги «дубайтӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Нигорино, дилу ҷонам та дорӣ,

👁 8

Нигорино, дилу ҷонам та дорӣ, Ҳама пайдову пинҳонам та дорӣ. Намедунам, ки ин дард аз кӣ дорам, Ҳамин дунам, ки дармонам та дорӣ.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Муро на фикри савдое, на суде,

👁 8

Муро на фикри савдое, на суде, На дар дил фикри беҳбуде, на буде. Нахоҳам ҷӯканору чашмасорун, Ки ҳар чашмам ҳазорун Зиндарӯде.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Дилам бӣ андалеби хушнавое,

👁 12

Дилам бӣ андалеби хушнавое, Ки менолад зи ғам ҳар субҳгоҳе. Ба шохи гул саҳар булбул ҳамегуфт, Ки: Эй гул, бевафоӣ, бевафоӣ!

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Ду чашмунат пиёлай пур зи май бӣ,

👁 11

Ду чашмунат пиёлай пур зи май бӣ, Ду зулфонат хироҷи мулки Рай бӣ. Ҳаме ваъда карӣ имрӯзу фардо, Надонам му, ки фардои ту кай бӣ.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Агар дардам яке будӣ, чӣ будӣ,

👁 14

Агар дардам яке будӣ, чӣ будӣ, Агар ғам андаке будӣ, чӣ будӣ. Ба болинам ҳабибе ё табибе, Аз ин ҳар ду яке будӣ, чӣ будӣ.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Шави тору биёбон пурварак бӣ,

👁 10

Шави тору биёбон пурварак бӣ, Ҳама саҳро пур аз хору хасак бӣ. Набошад андар ин раҳ рӯшноӣ, Хушо он кас, ки бораш камтарак бӣ.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Дило, роҳат пур аз хору хасак бӣ,

👁 11

Дило, роҳат пур аз хору хасак бӣ, Гузорат бар сари чарху фалак бӣ. Гар аз дастат бароя, пӯст аз тан Баровар, то ки борат камтарак бӣ.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Та, ки нозандаболо, дилрабоӣ,

👁 9

Та, ки нозандаболо, дилрабоӣ, Та, ки бе сурма чашмон сурмасоӣ. Та, ки мушкин ду гесӯ дар қафоӣ, Ба му воҷӣ, ки саргардон чароӣ.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Мусалсал зулф бар рӯ рета дорӣ,

👁 8

Мусалсал зулф бар рӯ рета дорӣ, Гулу сунбул ба ҳам омета дорӣ. Парешон чун карӣ он тори зулфон, Ба ҳар торе диле овета дорӣ.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Ҳар он боғе, ки нахлаш сар ба дар бӣ,

👁 13

Ҳар он боғе, ки нахлаш сар ба дар бӣ, Мудомаш боғбун хунинҷигар бӣ. Бибояд канданаш аз беху аз бун, Агар бораш ҳама лаълу гуҳар бӣ.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Кушимон ар ба зорӣ, аз кӣ тарсӣ,

👁 9

Кушимон ар ба зорӣ, аз кӣ тарсӣ, Бирунӣ ар ба хорӣ, аз кӣ тарсӣ. Ба ин нима дил аз кас му натарсам, Ду олам дил та дорӣ, аз кӣ тарсӣ?

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Бало бӣ дил, Худоё, дил бало бӣ,

👁 19

Бало бӣ дил, Худоё, дил бало бӣ, Гунаҳ чашмон кару дил мубтало бӣ. Агар чашмон накардӣ дидабонӣ, Чӣ донистӣ дилам, хубон куҷо бӣ?

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Хушо онон, ки Аллаҳ ёрашон бӣ,

👁 11

Хушо онон, ки Аллаҳ ёрашон бӣ, Ки ҳамду «Қулҳуваллаҳ» корашон бӣ. Хушо онон, ки доим дар намозанд, Биҳишти ҷовидон бозорашон бӣ.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Алолай кӯҳсорон ҳафтае бӣ,

👁 7

Алолай кӯҳсорон ҳафтае бӣ, Бунафшай ҷӯканорон ҳафтае бӣ. Мунодӣ мекарам шаҳру ба шаҳру, Вафои гулъизорон ҳафтае бӣ.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Зи кишти хотирам ҷуз ғам нарӯӣ,

👁 11

Зи кишти хотирам ҷуз ғам нарӯӣ, Зи боғам ҷуз гули мотам нарӯӣ. Зи саҳрои дили беҳосили му Гиёҳи ноумедӣ ҳам нарӯӣ.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Ман он шамъам, ки ишқам озарин бӣ,

👁 10

Ман он шамъам, ки ишқам озарин бӣ, Касе, ки сӯтадил, ашкаш ҳамин бӣ. Ҳама шав сӯҷаму гирям ҳама рӯз, Зи та шомам чунон, рӯзам чунин бӣ.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Баҳор оӣ, ба ҳар шохе гуле бӣ,

👁 4

Баҳор оӣ, ба ҳар шохе гуле бӣ, Ба ҳар боғе ҳазорон булбуле бӣ. Ба ҳар марзе наёрам по ниҳодан, Мабод аз му батар сӯтадиле бӣ.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Аз он рӯзе, ки моро офаридӣ,

👁 10

Аз он рӯзе, ки моро офаридӣ, Ба ғайр аз маъсият чизе надидӣ. Худовандо, ба ҳаққи ҳашту чорат Зи му бигзар, шутур дидӣ, надидӣ.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Дилат, эй сангдил, бар мо насӯҷӣ,

👁 8

Дилат, эй сангдил, бар мо насӯҷӣ, Аҷаб набвад, агар хоро насӯҷӣ. Бисӯҷам, то бисӯҷонам дилатро, Дар озар чӯби тар танҳо насӯҷӣ.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Гарам рунӣ, в-арам хунӣ, та дунӣ,

👁 8

Гарам рунӣ, в-арам хунӣ, та дунӣ, В-арам охир бисӯзонӣ, та дунӣ. В-арам бар сар ниҳӣ Алванду Майманд, Ҳамевожам, Худо, дунӣ, та дунӣ.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Ғами ишқат зи ганҷи ройгон беҳ.

👁 15

Ғами ишқат зи ганҷи ройгон беҳ. Висоли та зи умри ҷовидон беҳ. Кафе аз хоки кӯят, дар ҳақиқат, Худо дуна, ки аз кавну макон беҳ.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Зи бас меҳри рухат олам фирӯза,

👁 11

Зи бас меҳри рухат олам фирӯза, Ҷаҳонро дил ба меҳрат сина сӯза. Фалакро шева доим инчунин буд, Ки ҳар ҷо чашми уммеде бидӯза.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Сарам болин, танам бистар надора,

👁 6

Сарам болин, танам бистар надора, Ба ҷуз шӯри ғамат дар сар надора. Ниҳад дур аз та ҳар кас сар ба болин, Илоҳӣ, сар зи болин барнадора.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Илоҳо, сӯзи ишқам бештар кун,

👁 6

Илоҳо, сӯзи ишқам бештар кун, Дили решам зи дардаш рештар кун. Аз ин ғам гар даме фориғ нишинам, Ба ҷонам сад ҳазорон нештар кун.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Сари саргаштаам сомун надора,

👁 11

Сари саргаштаам сомун надора, Дили хунгаштаам дармун надора. Ба кофирмазҳабе дил баста дирам, Ки дар ҳар мазҳабе имун надора.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Саҳифаи 4 аз 12