Шеърҳо бо теги: танҳоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «танҳоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Гар субҳаи саддона шуморӣ, хуб аст,
Гар субҳаи саддона шуморӣ, хуб аст, В-ар ҷоми май аз каф нагузорӣ, хуб аст. Гуфтӣ: Чӣ кунам, чӣ тӯҳфа орам бари дӯст? Бе дард маё, ҳар он чи орӣ, хуб аст.
Ё раб, ғами он чи ғайри ту дар дили мост,
Ё раб, ғами он чи ғайри ту дар дили мост, Бардор, ки беҳосилӣ аз ҳосили мост. Алҳамд, ки чун ту раҳнамое дорем, К-аз гумшудагонем, ки ғам манзили мост.
Ғам ошиқи синаи балопарвари мост,
Ғам ошиқи синаи балопарвари мост, Хун дар дили орзу зи чашми тари мост. Ҳон ғайр, агар ҳарифи моӣ, пеш ой, К-алмос ба ҷои бода дар соғари мост.
Дӯзах шараре зи оташи синаи мост,
Дӯзах шараре зи оташи синаи мост, Ҷаннат асаре з-ин дили ганҷинаи мост. Фориғ зи биҳишту дӯзах, эй дил, хуш бош Бо дарду ғамаш, ки ёри деринаи мост.
Исёни халоиқ арчи саҳро-саҳрост,
Исёни халоиқ арчи саҳро-саҳрост, Дар пеши инояти ту як барги гиёст. Ҳарчанд гуноҳи мост киштӣ-киштӣ, Ғам нест, ки раҳмати ту дарё-дарёст.
Эй дил, чу фироқаш раги ҷон бикшудат,
Эй дил, чу фироқаш раги ҷон бикшудат, Манмой ба кас хирқаи хунолудат. Менол чунон, ки нашнаванд овозат, Месӯз чунон, ки барнаёяд дудат.
Шириндаҳане, ки аз лабаш ҷон мерехт,
Шириндаҳане, ки аз лабаш ҷон мерехт, Куфраш зи сари зулфи парешон мерехт. Гар шайх ба куфри зулфи ӯ раҳ мебурд, Хоки раҳи ӯ бар сари имон мерехт.
Ишқ омаду хоки меҳнатам бар сар рехт,
Ишқ омаду хоки меҳнатам бар сар рехт, З-он барқи бало ба хирманам ахгар рехт. Хун дар дилу решаи танам сӯхт чунон, К-аз дида ба ҷои ашк хокистар рехт.
Дишаб, ки дилам зи тоби ҳиҷрон месӯхт,
Дишаб, ки дилам зи тоби ҳиҷрон месӯхт, Ашкам ҳама дар дидаи гирён месӯхт. Месӯхтам ончунон, ки ғайр аз дилу ту Бар ман дили кофару мусулмон месӯхт.
То пои ту ранҷа гашту бо дард бисохт,
То пои ту ранҷа гашту бо дард бисохт, Мискин дили ранҷури ман аз дард гудохт. Гӯё ки зи рӯзгор дарде дорад, Ин дард, ки дар пои ту худро андохт.
Эй дӯст, даво фирист беморонро,
Эй дӯст, даво фирист беморонро, Рӯзӣ деҳ ҷинну инсу ҳам ёронро. Мо ташналабони водии ҳирмонем, Бар кишти умеди мо бидеҳ боронро.
Пурсидам аз ӯ воситаи ҳиҷронро,
Пурсидам аз ӯ воситаи ҳиҷронро, Гуфто: Сабабе ҳаст, бигӯям онро. Ман чашми туам, агар набинӣ, чӣ аҷаб, Ман ҷони туам, касе набинад ҷонро.
То чанд кашам ғуссаи ҳар нокасро,
То чанд кашам ғуссаи ҳар нокасро, В-аз хиссати худ хок шавам ҳар хасро. Корам ба дуо чу барнамеояд рост, Додам се талоқ ин фалаки атласро.
Ё раб, макун аз лутф парешон моро,
Ё раб, макун аз лутф парешон моро, Ҳарчанд ки ҳаст ҷурму исён моро. Зоти ту ғанӣ будаву мо мӯҳтоҷем, Мӯҳтоҷ ба ғайри худ магардон моро.
То дард расид чашми хунхори туро,
То дард расид чашми хунхори туро, Хоҳам, ки кашад ҷони ман озори туро. Ё раб, ки зи чашм захми даврон ҳаргиз Дарде нарасад наргиси бемори туро.
Эй хунбаҳои нофаи Чин хоки роҳи ту
Эй хунбаҳои нофаи Чин хоки роҳи ту, Хуршед сояпарвари тарфи кулоҳи ту. Хунам бихур, ки ҳеч малак бо чунон ҷамол Аз дил наёядаш, ки нависад гуноҳи ту.
Баъди маргам
Парешонхотири дунё гаштанҳо, чӣ суд?! Дар ба дар дур аз хона буданҳо, чӣ суд?! Гуфта будам дунё кор ояд маро, Ғариб, дур аз Ватан гаштанҳо, чӣ суд?!
Осмон абрист! Аз офоқи чашмонам бипурс
Осмон абрист! Аз офоқи чашмонам бипурс, Абр боронист, аз ашки чу боронам бипурс. Киштии дил дар кафи амвоҷи ғам хоҳад шикаст, Нуктаро аз синаи саршори тӯфонам б
Тани танҳо
Дареғо аз шаби танҳо, маҳи танҳо, мани танҳо, Мани бо ғуссаҳои дил тани танҳо!
Солам бигузашту гарчи ман солорам
Солам бигузашту гарчи ман солорам, Армон наравад зи синаи афгорам. Ку тифлӣ, к-аз ғаме бигирям осон? Ку бӯсаи модар, ки барад озорам?!
Дунё гузарон, меҳнати дунё гузарон,
Дунё гузарон, меҳнати дунё гузарон, Не бар падарон монаду не бар писарон. То битвонӣ, умр ба тоат гузарон, Бингар, ки фалак чӣ мекунад бо дигарон.
Худовандо, ба фарёди дилам рас,
Худовандо, ба фарёди дилам рас, Каси бекас туӣ, му монда бекас. Ҳама гӯянд: Тоҳир кас надора, Худо ёри мана, чӣ ҳоҷати кас?
Эй булбули хушнағма, зи мо бод саломат
Эй булбули хушнағма, зи мо бод саломат, Ҳар мурғ, ки бар сидра ҳамин нағма сарояд. Номи ту бад-он хурд шуд аз модари фитрат, К-ин хурдашиносӣ ҳама аз табъи ту з
Аз дару баставу девори баланди ту ба танг
Аз дару баставу девори баланди ту ба танг, Омада бо дару девор аз ин ғусса ба ҷанг. Гуфтаӣ шаб дари мо чанд занӣ, ин на дуруст Аз дили сахти ту бар сина ҳамекӯб
Ғарибӣ кӯйи сахт аст, эй бародар
Ғарибӣ кӯйи сахт аст, эй бародар, Ғарибонро накӯ дору маёзор! Саҳар хестам, дари хона кушодам, Бидидам як ҷавоне хуфта бемор.
