Шеърҳо бо теги: танҳоӣ
Шеърҳои марбут ба теги «танҳоӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Сармояи ғам зи даст осон надиҳам,
Сармояи ғам зи даст осон надиҳам, Дил барнаканам зи дӯст, то ҷон надиҳам. Аз дӯст, ки ёдгор дарде дорам, Он дард ба сад ҳазор дармон надиҳам.
Донӣ, ки чиҳо, чиҳо, чиҳо мехоҳам,
Донӣ, ки чиҳо, чиҳо, чиҳо мехоҳам, Васли ту мани бесарупо мехоҳам. Фарёду фиғону нолаам донӣ чист? Яъне ки туро, туро, туро мехоҳам.
Ё раб, ту чунон кун, ки парешон нашавам,
Ё раб, ту чунон кун, ки парешон нашавам, Мӯҳтоҷи бародарону хешон нашавам. Бе миннати халқи худ маро рӯзӣ деҳ, То аз дари ту бар дари эшон нашавам.
Ғамнокаму аз кӯи ту бо ғам наравам,
Ғамнокаму аз кӯи ту бо ғам наравам, Ҷуз шоду умедвору хуррам наравам. Аз даргаҳи ҳамчу ту кариме ҳаргиз Навмед касе нарафту ман ҳам наравам.
Ишқи ту зи хосу ом пинҳон чӣ кунам?
Ишқи ту зи хосу ом пинҳон чӣ кунам? Дарде ки зи ҳад гузашт, дармон чӣ кунам? Хоҳам, ки дилам ба дигаре майл кунад, Ман хоҳаму дил нахоҳад, эй ҷон, чӣ кунам?
Бемеҳрии он баҳонаҷӯ медонам,
Бемеҳрии он баҳонаҷӯ медонам, Бе дарду ситам одати ӯ медонам. Ҷуз ҷавру ҷафо одати он бадхӯ не, Ман шеваи ёри худ накӯ медонам.
Аз ҷумлаи дардҳои бедармонам,
Аз ҷумлаи дардҳои бедармонам, В-аз ҷумлаи сӯзу доғи бепоёнам Сӯзандатар он аст, ки чун мардуми чашм, Дар чашми манию диданат натвонам.
Аз ҳаҷри ту, эй нигор, андар норам,
Аз ҳаҷри ту, эй нигор, андар норам, Месӯзам аз ин дарду дам андар н-орам. То даст ба гардани ту андар н-орам, Оғушт ба хун чу дона андар норам.
Дар васли ту пайваста ба гулшан будам,
Дар васли ту пайваста ба гулшан будам, Дар ҳаҷри ту бо нолаву шеван будам. Гуфтам ба дуо, ки чашми бад дур зи ту, Эй дӯст, магар чашми бадат ман будам?
Дар кӯи ту ман сӯхтадоман будам,
Дар кӯи ту ман сӯхтадоман будам, В-аз оташи ғам сӯхтахирман будам. Оре, ҷоно, дӯш ба бомат будам, Гуфтӣ: Дузд аст. Дузд набуд, ман будам.
Умре ба ҳавас боди ҳаво паймудам,
Умре ба ҳавас боди ҳаво паймудам, Дар ҳар коре хуни ҷигар полудам. Дар ҳар чӣ задам даст, зи ғам фарсудам, Даст аз ҳама боздоштам, осудам.
Он дам, ки ҳадиси ошиқӣ бишнудам,
Он дам, ки ҳадиси ошиқӣ бишнудам, Ҷону дилу дидаро ба ғам фарсудам. Мепиндоштам, ошиқу маъшуқ дуянд, Чун ҳар ду якест, ман худ аҳвал будам.
Гар хок туӣ, хоки туро хок шудам,
Гар хок туӣ, хоки туро хок шудам, Чун хоки туро хок шудам, пок шудам. Ғам сӯи ту ҳаргиз гузаре менакунад, Охир чӣ ғамат, аз он ки ғамнок шудам?!
Гар пора кунӣ маро зи сар то ба қадам,
Гар пора кунӣ маро зи сар то ба қадам, Мавҷуд шавам зи ишқи ту ман зи адам. Ҷоне дорам, зи ишқи ту карда рақам, Хоҳиш ба шодӣ кушу хоҳиш ба ғам.
Ранҷураму дар дил аз ту дорам сад ғам,
Ранҷураму дар дил аз ту дорам сад ғам, Бе лаъли лабат ҳарифи дардам ҳама дам. З-ин умр малулам мани мискини ғариб, Хоҳад шавад оромгаҳам кӯи адам.
Чандат гуфтам, ки дида бардӯз, эй дил,
Чандат гуфтам, ки дида бардӯз, эй дил, Дар роҳи бало фитна маяндӯз, эй дил. Акнун ки шудӣ ошиқу бадрӯз, эй дил, Тан дардиҳу ҷон кану ҷигар сӯз, эй дил.
Дар боғ куҷо равам, ки нолад булбул,
Дар боғ куҷо равам, ки нолад булбул, Бе ту чӣ кунам ҷилваи сарву сунбул. Ё қадди ту ҳаст, ончи медорад сарв, Ё рӯи ту ҳаст, ончи медорад гул.
Оташ ба ду дасти хеш дар хирмани хеш,
Оташ ба ду дасти хеш дар хирмани хеш, Чун худ задаам, чӣ нолам аз душмани хеш? Кас душмани ман нест, манам душмани хеш, Эй вои ману дасти ману домани хеш.
Шӯхе, ки ба дида буд доим ҷояш,
Шӯхе, ки ба дида буд доим ҷояш, Рафт аз назарам сарви қади раънояш. Гашт аз паи ӯ қатразанон мардуми чашм, Чандонки зи ашк обила шуд бар пояш.
Дар дил дардест аз ту пинҳон, ки мапурс,
Дар дил дардест аз ту пинҳон, ки мапурс, Танг омада чандон дилам аз ҷон, ки мапурс. Бо ин ҳама ҳолу дар чунин танг диле Ҷо карда муҳаббати ту чандон, ки мапурс.
Маҷнуну парешони туам, дастам гир,
Маҷнуну парешони туам, дастам гир, Саргаштаву ҳайрони туам, дастам гир. Ҳар бесару по чу дастгире дорад, Ман бесару самони туам, дастам гир.
Ҷонам ба лаб аз лаъли хамӯши ту расид,
Ҷонам ба лаб аз лаъли хамӯши ту расид, Аз лаъли хамӯши боданӯши ту расид. Гӯши ту шунидаам, ки дарде дорад, Дарди дили ман магар ба гӯши ту расид?
Эй ишқ, ба дарди ту саре мебояд,
Эй ишқ, ба дарди ту саре мебояд, Сайди ту зи ман қавитаре мебояд. Ман мурғи ба як шӯъла кабобам, бигузор, К-ин оташро самандаре мебояд.
Гӯшам чу ҳадиси дарди чашми ту шунид,
Гӯшам чу ҳадиси дарди чашми ту шунид, Филҳол дилам хун шуду аз дида чакид. Чашми ту накӯ шавад, ба ман чун нигарӣ, То кӯр шавад, ҳар он ки натвонад дид.
Он ришта, ки бар лаъли лабат суда шавад,
Он ришта, ки бар лаъли лабат суда шавад, В-аз нӯши даҳонат ашк олуда шавад. Хоҳам, ки бад-ин синаи чокам дӯзӣ, Шояд ки зи ғамҳои ту осуда шавад.