Эй булбули хушнағма, зи мо бод саломат
Эй булбули хушнағма, зи мо бод саломат,
Ҳар мурғ, ки бар сидра ҳамин нағма сарояд.
Номи ту бад-он хурд шуд аз модари фитрат,
К-ин хурдашиносӣ ҳама аз табъи ту зояд.
Ҳар нақш, ки дар парда наҳуфтӣ зи наю чанг,
Чун моҳи наваш Зуҳра ба ангушт намояд.
Номи сухани банда баровар ба ғарибӣ,
К-ин кор ғариб асту ба дасти ту барояд.