Шеърҳо бо теги: табиат
Шеърҳои марбут ба теги «табиат» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Гар қурби Худо металабӣ, дилҷӯ бош,
Гар қурби Худо металабӣ, дилҷӯ бош, В-андар пасу пеши халқ некӯгӯ бош. Хоҳӣ, ки чу субҳ содиқулқавл шавӣ, Хуршедсифат бо ҳама кас якрӯ бош.
То дар назанӣ, баҳри чӣ дорӣ оташ,
То дар назанӣ, баҳри чӣ дорӣ оташ, Ҳаргиз нашавад ҳақиқати ҳоли ту х(в)аш. Андар як дил ду дӯстӣ н-ояд хуш, Моро хоҳӣ, хате ба олам даркаш.
Наврӯз шуду ҷаҳон баровард нафас,
Наврӯз шуду ҷаҳон баровард нафас, Ҳосил зи баҳори умр моро ғаму бас. Аз қофилаи баҳор н-омад овоз, То лола ба боғ сарнигун сохт ҷарас.
Донӣ, ки маро ёр чӣ гуфтаст имрӯз,
Донӣ, ки маро ёр чӣ гуфтаст имрӯз, Ҷуз мо ба касе дарманигар, дида бидӯз. Аз чеҳраи хеш оташе афрӯзад, Яъне ки биёву дар раҳи дӯст бисӯз.
Дил ҷуз раҳи ишқи ту напӯяд ҳаргиз,
Дил ҷуз раҳи ишқи ту напӯяд ҳаргиз, Ҷон ҷуз сухани ишқ нагӯяд ҳаргиз. Саҳрои дилам ишқи ту шӯристон кард, То меҳри касе дар он нарӯяд ҳаргиз.
Ман будам дӯшу он бути банданавоз,
Ман будам дӯшу он бути банданавоз, Аз ман ҳама лоба буду аз вай ҳама ноз. Шаб рафту ҳадиси мо ба охир нарасид, Шабро чӣ гунаҳ, қиссаи мо буд дароз.
Дар боргаҳи ҷалолат, эй узрпазир,
Дар боргаҳи ҷалолат, эй узрпазир, Дарёб, ки ман омадаам зору ҳақир. Аз ту ҳама раҳмат асту аз ман тақсир, Ман ҳеч наям, ҳама туӣ, дастам гир.
Бустони рухи ту гулситон орад бор,
Бустони рухи ту гулситон орад бор, Лаъли ту ҳаёти ҷовидон орад бор. Бар хок фишон қатрае аз лаъли лабат, То буму бари замона ҷон орад бор.
Гулзори вафо зи хори ман мерӯяд,
Гулзори вафо зи хори ман мерӯяд, Ихлос зи раҳгузори ман мерӯяд. Дар куфри ту дӯш сар ба зону будам, Имрӯз гул аз канори ман мерӯяд.
Эй ишқ, ба дарди ту саре мебояд,
Эй ишқ, ба дарди ту саре мебояд, Сайди ту зи ман қавитаре мебояд. Ман мурғи ба як шӯъла кабобам, бигузор, К-ин оташро самандаре мебояд.
Дар дӯзахам ар зулфи ту дар чанг ояд,
Дар дӯзахам ар зулфи ту дар чанг ояд, Аз ҳоли биҳиштиён маро нанг ояд. В-ар бе ту ба саҳрои биҳиштам хонанд, Саҳрои биҳишт бар дилам танг ояд.
Дар боғ равам, кӯи туам ёд ояд,
Дар боғ равам, кӯи туам ёд ояд, Бар гул нигарам, рӯи туам ёд ояд. Дар сояи сарв агар даме биншинам, Сарви қади дилҷӯи туам ёд ояд.
Ҳарчанд ки дида рӯи хуби ту надид,
Ҳарчанд ки дида рӯи хуби ту надид, Як гул зи гулистони висоли ту начид, Аммо дили савдозада дар муддати умр Ҷуз васфи ҷамоли ту на гуфту на шунид.
Гуфтӣ, ки шаб оям, арчи бегоҳ шавад,
Гуфтӣ, ки шаб оям, арчи бегоҳ шавад, Шояд ки забони халқ кӯтоҳ шавад. Бар хуфта куҷо ниҳон тавонӣ кардан, К-аз бӯи хуши ту мурда огоҳ шавад.
Дар дил ҳама ширку рӯй бар хок чӣ суд,
Дар дил ҳама ширку рӯй бар хок чӣ суд, Бо нафси палид ҷомаи пок чӣ суд? Заҳр аст гуноҳу тавба тарёки вай аст, Чун заҳр ба ҷон расид, тарёк чӣ суд?
На кас, ки зи ҷаври даҳр афсурда набуд,
На кас, ки зи ҷаври даҳр афсурда набуд, Не гул, ки дар ин замона пажмурда набуд. Онро, ки биёмадаст, зебо омад, Донӣ, ки биёмада чу оварда набуд.
Аввал раҳи ишқи ту маро саҳл намуд,
Аввал раҳи ишқи ту маро саҳл намуд, Пиндошт, расад ба манзили васли ту зуд. Гоме ду-се рафту роҳро дарё дид, Чун пой дарун ниҳод, мавҷаш бирабуд.
Аввал рухи худ ба мо набоист намуд,
Аввал рухи худ ба мо набоист намуд, То оташи мо ҷои дигар гардад дуд. Акнун, ки намудию рабудӣ дили мо, Ночор туро дилбари мо бояд буд.
Шаб хез, ки ошиқон ба шаб роз кунанд,
Шаб хез, ки ошиқон ба шаб роз кунанд, Гирди дару боми дӯст парвоз кунанд. Ҳар ҷо, ки даре бувад, ба шаб барбанданд, Илло дари ошиқон, ки шаб боз кунанд.
Дар чанги ғами ту дил суруде накунад,
Дар чанги ғами ту дил суруде накунад, Пеши ту фиғону нола суде накунад. Нолем ба нолае, ки огаҳ нашавӣ, Сӯзем ба оташе, ки дуде накунад.
Хубон ҳама сайди субҳхезон бошанд,
Хубон ҳама сайди субҳхезон бошанд, Дар банди дуои ашкрезон бошанд. То ту саги нафсро ба фармон бошӣ, Оҳучашмон зи ту гурезон бошанд.
Сӯфӣ ба самоъ даст аз он афшонад,
Сӯфӣ ба самоъ даст аз он афшонад, То оташи дил ба ҳилате биншонад. Оқил донад, ки доя гаҳвораи тифл Аз баҳри сукуни тифл меҷунбонад.
Дилхаставу синачок мебояд шуд,
Дилхаставу синачок мебояд шуд, В-аз ҳастии хеш пок мебояд шуд. Он беҳ, ки ба худ пок шавем аввали кор, Чун охири кор хок мебояд шуд.
Ошиқ чу шавӣ, теғ ба сар бояд хӯрд,
Ошиқ чу шавӣ, теғ ба сар бояд хӯрд, Заҳре ки расад, ҳамчу шакар бояд хӯрд. Ҳарчанд туро бар ҷигар обе набувад, Дарё-дарё хуни ҷигар бояд хӯрд.
Гул аз ту чароғи ҳусн дар гулшан бурд,
Гул аз ту чароғи ҳусн дар гулшан бурд, В-аз рӯи ту оина дили равшан бурд. Ҳар хона, ки шамъи рухат афрӯхт дар ӯ, Хуршед чу зарра нур аз равзан бурд.