Шеърҳо бо теги: дубайтӣ
Шеърҳои марбут ба теги «дубайтӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Бе та болин сияҳмора ба чашмам,
Бе та болин сияҳмора ба чашмам, Бе та рӯзон шави тора ба чашмам. Бе та ҳар гаҳ шавам сайри гулистон, Гулистон сар ба сар хора ба чашмам.
Бе та гулшан чи зондона ба чашмам,
Бе та гулшан чи зондона ба чашмам, Гулистон озаристона ба чашмам. Бе та орому умру зиндагонӣ Ҳама хоби парешона ба чашмам.
Ғамам ғам бию ғамхори дилам ҳам,
Ғамам ғам бию ғамхори дилам ҳам, Ғамам ҳам мӯнису ҳам ёру ҳамдам. Ғамам наҳла, ки му танҳо бишинам, Маризо, боракаллаҳ, марҳабо ғам.
Назунам му, ки саргардон чароям,
Назунам му, ки саргардон чароям, Гаҳе гирён, гаҳе нолон чароям? Ҳама дарде ба дармон ёфт дармун, Назунам му, ки бедармон чароям.
Ба ишқат, эй дареғо, награвистам,
Ба ишқат, эй дареғо, награвистам, Навиди васли ту то нашнавистам. Ба дил тухми вафоят киштам охир, Ба ҷуз андӯҳу хорӣ надравистам.
Бура, рӯзе, ки дидори та винам,
Бура, рӯзе, ки дидори та винам, Гулу сунбул ба дидори та чинам. Бура, биншин барум солуну моҳун, Ки то серат бувинам, нозанинам.
Дилам зору ҳазина, чун нанолам,
Дилам зору ҳазина, чун нанолам, Вуҷудам оташина, чун нанолам? Ба му воҷан, ки чуну чанд нолӣ, Чу маргам дар камина, чун нанолам?
Бишам, вошам, аз ин олам бадар шам,
Бишам, вошам, аз ин олам бадар шам, Бишам, аз Чину Мочин дуртар шам. Бари дилдор пайғоме фиристам, Ки гар дурӣ хуша, ман дуртар шам.
Бура, як шав мунаввар кун вусоқам,
Бура, як шав мунаввар кун вусоқам, Маҳил дар меҳнату дарди фироқам. Ба тоқи ҷуфти абрӯи ту савганд, Ки му ҷуфти ғамам, то аз ту тоқам.
Му ки чун уштурам, қонеъ ба хорам,
Му ки чун уштурам, қонеъ ба хорам, Хурокам хору харворе ба борам. Аз ин харҷи қалилу бори сангин Ҳанӯз аз рӯи молик шармсорам.
Му он баҳрам, ки дар зарф омадастам,
Му он баҳрам, ки дар зарф омадастам, Чу нуқта бар сари ҳарф омадастам. Ба ҳар алфе алифқадде барояд, Алифқаддам, ки дар алф омадастам.
Бура, сӯтадилон гирди ҳам оем,
Бура, сӯтадилон гирди ҳам оем, Сухан во ҳам карем, ғам во намоем. Тарозу оварем, ғамро бисанҷем, Ҳар он ғамгинтарем, вазнинтар оем.
Му, к-аз сӯтадилонам, чун нанолам,
Му, к-аз сӯтадилонам, чун нанолам, Му, к-аз беҳосилонам, чун нанолам? Нишаста булбулон бо гул биноланд, Му, ки дур аз гулонам, чун нанолам?
Ба саҳро бингарам, саҳро та винам,
Ба саҳро бингарам, саҳро та винам, Ба дарё бингарам, дарё та винам. Ба ҳар ҷо бингарам кӯҳу дарду дашт, Нишон аз қомати раъно та винам.
Бура, сӯтадило, то мо бинолем,
Бура, сӯтадило, то мо бинолем, Биё, парвона, бо мо, то бинолем. Зи ишқи он гули раъно бинолем, Зи дасти ёри бепарво бинолем.
Му он озурдаи бехонумонам,
Му он озурдаи бехонумонам, Му он меҳнатнасиби сахтҷонам. Му он саргашта хорам дар биёбун, Ки ҳар боде вазад, пешаш давонам.
Намедонам, ки розам во кӣ вожам,
Намедонам, ки розам во кӣ вожам, Ғами сӯзу гудозам во кӣ вожам. Чӣ вожам, ҳар кӣ зуна, бингара фош, Дигар розу ниёзам во кӣ вожам?
Зи дасти чархдорун дод дирам,
Зи дасти чархдорун дод дирам, Ҳазорон нолаву фарёд дирам. Нишаста дилситонам бо хасу хор, Чӣ гуна хотири худ шод дирам?
Ба рӯи дилбаре гар моиластам,
Ба рӯи дилбаре гар моиластам, Макун манъам, гирифтори диластам. Худоро, сорбон, оҳиста мерон, Ки му вомандаи ин қофиластам.
Му аз қолу бало ташвиш дирам,
Му аз қолу бало ташвиш дирам, Гуноҳ аз баргу борун беш дирам. Агар «Лотақнату» дастам нагирад, Му аз «Ё вайлано» андеш дирам.
Ду зулфонат бувад тори рубобам,
Ду зулфонат бувад тори рубобам, Чӣ мехоҳӣ аз ин ҳоли харобам? Та, ки бо му сари ёрӣ надорӣ, Чаро ҳар ними шав оӣ ба хобам?
Агар оӣ, ба ҷонат во навозам,
Агар оӣ, ба ҷонат во навозам, В-агар н-оӣ, зи ҳиҷронат гудозам. Биё, дарде ки дорӣ, бар дилам неҳ, Бимирам, ё бисӯзам, ё бисозам.
Илоҳӣ, гар навоҷам в-ар бивоҷам,
Илоҳӣ, гар навоҷам в-ар бивоҷам, Та дунӣ ҳоҷатамро, му чӣ воҷам? Агар бинвозиям, ҳоҷат раво кун, Агар маҳрум созӣ, му чӣ соҷам?
Ҳаромам бе та бу ололаву гул,
Ҳаромам бе та бу ололаву гул, Ҳаромам бе та бу овози булбул. Ҳаромам бӣ, агар бе та нишинам, Кашам дар пои гулбун соғари мул.
Худоё, дод аз ин дил, дод аз ин дил,
Худоё, дод аз ин дил, дод аз ин дил, Ки як дам му нагаштам шод аз ин дил. Чу фардо додхоҳун дод хоҳанд, Бигӯям сад ҳазорун дод аз ин дил.