Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ф

Фаррухии Сиистонӣ

977 - 1037

Абулҳасан Алӣ ибни Ҷулуғи Сиистонӣ шоири машҳур, қасидасарои номии форсу тоҷик байни солҳои 977–981 дар Сиистон – вилояти таърихие дар ҳудуди Эрон ва Афғонистон, ки Эрон, Хуросон ва Мовароуннаҳрро бо Ҳиндустон мепайваст, таваллуд шуда, соли 1038 дар шаҳри Ғазнин (ҳудуди Афғонистони ҳозира) вафот кардааст. Фаррухӣ дар давраи наврасиву ҷавониаш аввал ҳамроҳи падараш хидмати ҳокими Сиистон Амир Халафи Бонуро карда баъди аз тарафи Султон Маҳмуди Ғазнавӣ забт шудани Сиистон ба хидмати яке аз заминдорони сарватманд меравад. Вале музди ночизи заминдор зиндагонии Фаррухиро қонеъ карда наметавонист ва ӯ дар ҷустуҷӯйи шахси сарватманду саховатпеша мешавад то ӯро дар шеърҳояш таърифу тавсиф карда, рӯзгорашро таъмин намояд. Фаррухӣ овозаи шеърдӯстии ҳокими Чағониён–Абулмузаффарро шунида, бо қасидаи машҳуре, ки бо байти: Бо корвони ҳулла бирафтам зи Сиистон, Бо ҳуллаи танида зи дил, бофта зи ҷон… оғоз мешавад, сӯйи Чағониён меравад. Бо мадади коргузори амир Фаррухӣ тақрибан солҳои 1010 – 1011 ба дарбори Ғазнавиён дохил шуда, то охири умр дар Ғазнин зиндагӣ мекунад. Фаррухӣ дар баробари шоири тавоно будан дар навохтани созҳои гуногуни мусиқӣ низ маҳорати олӣ доштааст. Фаррухӣ дар базму размҳо, шикору сафару сайрҳои Султон Махмуд ҳамроҳӣ карда, дар қасидаҳояш корнамоиву шуҷоат, саховатмандиву далерии ӯ ва дарбориёнашро ситоиш мекард ва инъомҳо мегирифт. Аз мероси адабии Фаррухӣ то замони мо девоне маълум аст, ки бештар аз 9 ҳазор байтро дар бар гирифтааст. Дар девони шоир навъҳои дигари шеъри лирикӣ, монанди тарҷеъбанд, қитъа, ғазал, рубоӣ ба назар расанд ҳам, бо вуҷуди ин қасида мавқеи асосӣ дорад. Ин аст, ки аксари донишмандони соҳаи адабиёт ӯро ҳамчун устоди қасидасароӣ эътироф кардаанд. Дар ашъораш шоир асосан зимни мадҳ саховатмандӣ, илму адабдӯстӣ, адолату накукорӣ барин хислатҳои мамдӯҳонро ситоиш карда, ҳамчунин манзараҳои хунрезиву тороҷгарӣ ва тақсими молҳои ғоратшударо низ ба қалам медиҳад.

13Шеърҳо
54Боздид

Мавзӯъҳои шеърҳо

4 тег

Тавсияи мо барои шиносоӣ бо Фаррухии Сиистонӣ

Гӯянд, ки маъшуқи ту зишт асту сиёҳ,

👁 12

Гӯянд, ки маъшуқи ту зишт асту сиёҳ, Гар зишту сиёҳ аст, маро нест гуноҳ. Ман ошиқаму дилам бар ӯ гашта табоҳ, Ошиқ набувад зи айби маъшуқ огоҳ.

Ф
Фаррухии Сиистонӣ

Навбаҳор омаду бишкуфт ба якбор ҷаҳон,

👁 10

Навбаҳор омаду бишкуфт ба якбор ҷаҳон, Бар сар афканд замин ҳар чӣ гуҳар дошт ниҳон. То зи хоби хуш бикшод гули сурӣ чашм, Лолаи сурх бибандад ҳаме аз ханда даҳ

Ф
Фаррухии Сиистонӣ

Эй дӯст, ба як сухан зи ман бигрезӣ,

👁 5

Эй дӯст, ба як сухан зи ман бигрезӣ, Хӯйи ту набуд ба ҳар ҳадисе тезӣ. Бад гаштӣ, аз он ки бо бадон омезӣ, Бо дег биманшин, ки сиёҳ бархезӣ.

Ф
Фаррухии Сиистонӣ

Он рӯз чӣ буд, ки бо қазо ёр шудам,

👁 5

Он рӯз чӣ буд, ки бо қазо ёр шудам, Дидори туро ба ҷон харидор шудам. Он рӯз ба бозӣ ба сари кор шудам, То лоҷарам имрӯз гирифтор шудам.

Ф
Фаррухии Сиистонӣ

То дар талаби дӯст ҳамебиштобам,

👁 4

То дар талаби дӯст ҳамебиштобам, Умрам ба канор расиду ман дар хобам. Гирам, ки висоли дӯст дархоҳам ёфт, Ин умри гузаштаро куҷо дарёбам?

Ф
Фаррухии Сиистонӣ

Аз баҳри Худой, агар туӣ сарви сарой,

👁 3

Аз баҳри Худой, агар туӣ сарви сарой, Якбора зи ман бозмагир, эй бут, пой. Дидор азиз кардӣ, эй бори Худой, Симурғ наӣ, рӯй раҳиро бинамой.

Ф
Фаррухии Сиистонӣ

Эй ошиқони гетӣ, ёрӣ диҳед, ёрӣ,

👁 3

Эй ошиқони гетӣ, ёрӣ диҳед, ёрӣ, К-он сангдил диламро хорӣ намуд, хорӣ. Чун дӯстони якдил дар пеши ӯ ниҳодам, Бистад ба дӯстӣ дил, нанмуд дӯстдорӣ.

Ф
Фаррухии Сиистонӣ

Осор

Аз баҳри Худой, агар туӣ сарви сарой,

Аз баҳри Худой, агар туӣ сарви сарой, Якбора зи ман бозмагир...

👁 3

Эй дӯст, маро дид ҳаме натавонӣ,

Эй дӯст, маро дид ҳаме натавонӣ, Беҳуда чаро рӯй зи ман гард...

👁 2

Эй дӯст, ба як сухан зи ман бигрезӣ,

Эй дӯст, ба як сухан зи ман бигрезӣ, Хӯйи ту набуд ба ҳар ҳа...

👁 5

Гӯянд, ки маъшуқи ту зишт асту сиёҳ,

Гӯянд, ки маъшуқи ту зишт асту сиёҳ, Гар зишту сиёҳ аст, мар...

👁 12

То дар талаби дӯст ҳамебиштобам,

То дар талаби дӯст ҳамебиштобам, Умрам ба канор расиду ман д...

👁 4

Он рӯз чӣ буд, ки бо қазо ёр шудам,

Он рӯз чӣ буд, ки бо қазо ёр шудам, Дидори туро ба ҷон харид...

👁 5

Ёре будӣ сахт ба ойину ба санг,

Ёре будӣ сахт ба ойину ба санг, Ҳамсояи ту баҳонаҷӯю дилтанг...

👁 1

Эй ошиқони гетӣ, ёрӣ диҳед, ёрӣ,

Эй ошиқони гетӣ, ёрӣ диҳед, ёрӣ, К-он сангдил диламро хорӣ н...

👁 3

Навбаҳор омаду бишкуфт ба якбор ҷаҳон,

Навбаҳор омаду бишкуфт ба якбор ҷаҳон, Бар сар афканд замин ...

👁 10

Тараб кунам, ки маро ҷойи шодиву тараб аст,

Тараб кунам, ки маро ҷойи шодиву тараб аст, Маро бад-ин тара...

👁 2

Чӣ кунам дил, ки ҳама дарду ғами ман зи дил аст,

Чӣ кунам дил, ки ҳама дарду ғами ман зи дил аст, Дил, ки хоҳ...

👁 2

Сиёҳчашмо! Меҳри ту ғамгусори ман аст,

Сиёҳчашмо! Меҳри ту ғамгусори ман аст, Ба рӯзгори хазон рӯйи...

👁 2

Ба ҳаққи он ки маро ҳеҷ кас ба ҷойи ту нест,

Ба ҳаққи он ки маро ҳеҷ кас ба ҷойи ту нест, Ҷафо макун, ки ...

👁 3

Шоирони дигар

Соиби Табрезӣ
Соиби Табрезӣ
1601 - 1677
Собирова Дилбар
Собирова Дилбар
1989
С
Сабрина
Собирова Нигора
Собирова Нигора
1994
А
Абдувахоб