Навбаҳор омаду бишкуфт ба якбор ҷаҳон,
Навбаҳор омаду бишкуфт ба якбор ҷаҳон,
Бар сар афканд замин ҳар чӣ гуҳар дошт ниҳон.
То зи хоби хуш бикшод гули сурӣ чашм,
Лолаи сурх бибандад ҳаме аз ханда даҳон.
Парниёнҳову паранд аст кашида ҳама боғ,
Ошиқон гоҳ бар ин соя давон, гоҳ бар он.
Андар он ҳафта, ки бигзашт, ҷаҳон пир намуд,
В-андар ин ҳафта ҷавон аст карон то ба карон.
Ман шунидам, ки ба айём ҷавон пир шавад,
Нашунидам, ки ба як ҳафта шавад пир ҷавон.
Ман нагӯям, ки майи сурх ҳалол асту мубоҳ,
Гар бувад, варна ман ин лафз наёрам ба забон.
Гӯям: «Ар ҳаргиз хоҳӣ хӯрӣ, имрӯз бихӯр,
Ки дигар бора бад-ин рӯз расидан натавон».
Хез, то бар гули нав кӯзагаке бода хӯрем,
Пеш то аз гили мо кӯза кунад дасти замон.