Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ф
Фаррухии Сиистонӣ

Тараб кунам, ки маро ҷойи шодиву тараб аст,

Тараб кунам, ки маро ҷойи шодиву тараб аст, Маро бад-ин тараб, эй саййидӣ, ду-се сабаб аст. Яке, ки кӯдаки ман бо ман аст бода ба даст, Дигар, ки мутриби моро нишот бо тараб аст. Се дигар он ки шаб асту ҳасудам огаҳ нест, Зи дил ғуломи шабам, в-ар чи рӯз беҳ зи шаб аст. Шароб ҳасту тараб ҳасту рӯйи неку ҳаст, Бад-ин се чиз ҷаҳон ҷойи ишрату лаъаб аст. Шароби мо зи ду чашмон ба рӯйи зард чакид, Рухони дӯст ҳаме лолагун кунад, аҷаб аст.