Чӣ кунам дил, ки ҳама дарду ғами ман зи дил аст,
Чӣ кунам дил, ки ҳама дарду ғами ман зи дил аст,
Дил, ки хоҳад бибарад, гӯ, бибар аз ман, биҳил аст.
Сол то сол гирифтори дили мустаҳилам,
Войи он кас, ки гирифтори дили мустаҳил аст.
Гоҳ дар чоҳи занахдони нигори Хутан аст,
Гоҳ дар ҳалқаи зулфайни нигори Чигил аст.
Нест огоҳ, ки чоҳи занаху ҳалқаи зулф
Дилбару дилшикану дилшикару дилгусил аст.
Дил ҳамегӯяд: ҷаври ту зи чашми ту равост,
Ки зи чашми туву з-ашкаш ҳама ин шаҳр гил аст.