Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ф
Фаррухии Сиистонӣ

Сиёҳчашмо! Меҳри ту ғамгусори ман аст,

Сиёҳчашмо! Меҳри ту ғамгусори ман аст, Ба рӯзгори хазон рӯйи ту баҳори ман аст. Дилам шикори сияҳчашмакони тусту равост, Аз он ки ду лаби ширини ту шикори ман аст. Ба меҳри ту дили ман вомдори суҳбати туст, Лаби ту боз ба се бӯса вомдори ман аст. Ҷафо намудани беҷурм кори туст мудом, Вафо намудану андешаи ту канори ман аст. Агар ту моҳӣ, гарди ту сарои ман аст, Агар ту сарвӣ, бӯстони ту кори ман аст.