Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ф
Фаррухии Сиистонӣ

Ба ҳаққи он ки маро ҳеҷ кас ба ҷойи ту нест,

Ба ҳаққи он ки маро ҳеҷ кас ба ҷойи ту нест, Ҷафо макун, ки маро тоқати ҷафои ту нест. Ҷафо чӣ бояд кардан бар он ки дар тани ӯ Равони ширин ширинтар аз ҳавои ту нест. Бунафшамӯё, як мӯй нест бар тани ман, Ки ҳамчу барда дили ман ҳавонамои ту нест. Ба ҷони туву ба меҳри туву ба суҳбати ту, Ки дида барканам, ар дида дар ризои ту нест. Туро хуш асту туро ҳар касе ба ҷойи ман аст, Маро батар, ки маро ҳеҷ кас ба ҷойи ту нест.