Эй ошиқони гетӣ, ёрӣ диҳед, ёрӣ,
Эй ошиқони гетӣ, ёрӣ диҳед, ёрӣ,
К-он сангдил диламро хорӣ намуд, хорӣ.
Чун дӯстони якдил дар пеши ӯ ниҳодам,
Бистад ба дӯстӣ дил, нанмуд дӯстдорӣ.
Гуфтам, ки дил ситонам, ногоҳ дил супурдам,
Бар тамъи дилситонӣ мондам ба дилсупорӣ.
Гӯяд ҳаме: «Чӣ нолӣ, ёре чу ман надорӣ,
Ёрест ин, ки надиҳад рӯзе ба бӯса ёрӣ».
Душман ҳаме зи душман як рӯз дод ёбад,
Ман з-ӯ ҳаме наёбам, чӣ кунам, магар, ки зорӣ.
Ҷуз сабру бурдборӣ бар вай ҳаме набинам,
Чун ошиқам, чӣ чора ҷуз сабру бурдборӣ?!