Шеърҳо бо теги: ишқи илоҳӣ
Шеърҳои марбут ба теги «ишқи илоҳӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Гулистон ҷои ту, эй нозанинам,
Гулистон ҷои ту, эй нозанинам, Му дар гулхан ба хокистар нишинам. Чи дар гулшан, чи дар гулхан, чи саҳро, Чу дида во карам, ҷуз ту навинам.
Дилам дур асту аҳволаш назунам,
Дилам дур асту аҳволаш назунам, Касе хоҳад, ки пайғомаш расунам. Худовандо, зи маргам мӯҳлате деҳ, Ки дидоре ба дидораш расунам.
Ба рӯи дилбаре гар моиластам,
Ба рӯи дилбаре гар моиластам, Макун манъам, гирифтори диластам. Худоро, сорбон, оҳиста мерон, Ки му вомандаи ин қофиластам.
Му аз қолу бало ташвиш дирам,
Му аз қолу бало ташвиш дирам, Гуноҳ аз баргу борун беш дирам. Агар «Лотақнату» дастам нагирад, Му аз «Ё вайлано» андеш дирам.
Худоё, дод аз ин дил, дод аз ин дил,
Худоё, дод аз ин дил, дод аз ин дил, Ки як дам му нагаштам шод аз ин дил. Чу фардо додхоҳун дод хоҳанд, Бигӯям сад ҳазорун дод аз ин дил.
Чаро озурдаҳолӣ, эй дил, эй дил,
Чаро озурдаҳолӣ, эй дил, эй дил, Мудом андар хаёлӣ, эй дил, эй дил. Бирав, кунҷе нишин, шукри Худо кун, Ки шояд ком ёбӣ, эй дил, эй дил.
Худовандо, му безорам аз ин дил,
Худовандо, му безорам аз ин дил, Шаву рӯзон дар озорам аз ин дил. Зи бас нолидам, аз нолиданам танг, Зи му бистон, ки безорам аз ин дил.
Ба гӯристон гузар кардам каму беш,
Ба гӯристон гузар кардам каму беш, Бидидам ҳоли давлатманду дарвеш. На дарвеше ба хоке бекафан рафт, На давлатманд бурд аз як кафан беш.
Шави тор асту гургон мезанан меш,
Шави тор асту гургон мезанан меш, Ду зулфонат ҳамоил кун, бура пеш. Аз он кунҷи лабат бӯсе ба му деҳ, Бигӯ: Роҳи Худо додам ба дарвеш.
Хушо онун, ки аз по сар надунанд,
Хушо онун, ки аз по сар надунанд, Миёни шӯъла хушку тар надунанд. Куништу Каъбаву бутхонаву дайр- Сарое холӣ аз дилбар надунанд.
Тани меҳнаткаше дирам, Худоё,
Тани меҳнаткаше дирам, Худоё, Дили ҳасраткаше дирам, Худоё. Зи шавқи маскану доди ғарибӣ Ба сина оташе дирам, Худоё.
Худовандо, ба фарёди дилам рас,
Худовандо, ба фарёди дилам рас, Каси бекас туӣ, му монда бекас. Ҳама гӯянд: Тоҳир кас надора, Худо ёри мана, чӣ ҳоҷати кас?