Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: дубайтӣ

Шеърҳои марбут ба теги «дубайтӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Шаве н-оя, к-аз ашкам дида тар не,

👁 16

Шаве н-оя, к-аз ашкам дида тар не, Рӯзе н-оя, ки хунинам ҷигар не. Шаву рӯҷам равад бо нолаву сӯз, Ту хуш хуфта зи ҳоли му-т хабар не.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Зи дил берун ба бахтам нола н-оӣ,

👁 9

Зи дил берун ба бахтам нола н-оӣ, Зи мижгуни тари му жола н-оӣ. Шаве н-оя, ки му хобат бувинам, Ба бахти му ба чашмам лола н-оӣ.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Саросар моли дунё сӯтанӣ бӣ,

👁 15

Саросар моли дунё сӯтанӣ бӣ, Назар аз моли дунё дӯтанӣ бӣ. Ғаму дарде, ки дар дил дорӣ имрӯз, Барои рӯзи ҳашр андӯтанӣ бӣ.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Му ҳар шому саҳар гирям ба кӯе,

👁 10

Му ҳар шому саҳар гирям ба кӯе, Ки ҷорӣ гардад аз ҳар гӯша ҷӯе. Муи бечора андар боғи васлат, Ҳар он чи лола корам, хор рӯӣ.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Набу рӯзам ба ғайри беқарорӣ,

👁 11

Набу рӯзам ба ғайри беқарорӣ, Шавун бедорию афғону зорӣ. Ба ман сӯза дили ҳар дуру наздик, Та аз сангиндилӣ парво надорӣ.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Илоҳӣ, эй фалак, чун му забун шӣ,

👁 14

Илоҳӣ, эй фалак, чун му забун шӣ, Дилат ҳамчун дили му ғарқи хун шӣ. Агар як лаҳзаам беғам бубинӣ, Яқин дунам, к-аз ин ғам сарнигун шӣ.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Ғам андар синаи му хона дирӣ,

👁 8

Ғам андар синаи му хона дирӣ, Чу вайрона, ки бум ошона дирӣ. Фалак, андар дили мискини му неҳ, Аз ин ғам ҳар чӣ дар анбона дирӣ.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Ба доми дилбаре дил мубтало бӣ,

👁 12

Ба доми дилбаре дил мубтало бӣ, Ки ҳиҷрунаш бало, васлаш бало бӣ. Дар ин вайрона ҷуз дилхун надидам, На дил, гӯӣ, ки дашти Карбало бӣ.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Ҷаҳон хон бию мардум меҳмон бӣ,

👁 7

Ҷаҳон хон бию мардум меҳмон бӣ, Имрӯз олола бӣ, фардо хазон бӣ. Сияҳ чоле канан, номаш ниҳан гӯр, Ба му воҷан, ки инат хонумон бӣ.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Худоё, дил зи му бистон ба зорӣ,

👁 10

Худоё, дил зи му бистон ба зорӣ, Намеоя зи му бемордорӣ. Намедунам, лаби лаълат ба хунам Чаро ташна-ст бо ин обдорӣ.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Касе, ки раҳ ба бедодам бара, не,

👁 10

Касе, ки раҳ ба бедодам бара, не, Хабар бар сарви озодам бара, не. Тамоми хубрӯён ҷамъ гарданд, Касе, ки ёдат аз ёдам бара, не.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Агар номеҳрубонам меҳрубон бӣ,

👁 7

Агар номеҳрубонам меҳрубон бӣ, Чаро аз дидагонам хун равон бӣ? Агар дилбар ба му дилдор меша, Чаро дар тан маро на дил, на ҷон бӣ.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Ба сӯи боғу бустон лола во бӣ,

👁 9

Ба сӯи боғу бустон лола во бӣ, Ҳама мӯҳо мисоли жола во бӣ. В-агар сӯи Хуросон корвонро Раҳонам му, суи Бангола во бӣ.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Шавам торику рӯзам тиратар бӣ,

👁 14

Шавам торику рӯзам тиратар бӣ, Бахти ошуфтаам зеру забар бӣ. Зи мижгони хадангаш хӯрдаам тир, Ки носураш ба ҳар дам тозатар бӣ.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Дури ашкам ба домон рета авло,

👁 9

Дури ашкам ба домон рета авло, Хуни дилам зи чашмон рета авло. Ба кас ҳарфе зи ҷаврат вонавоҷам, Ки ҳарфи ҷавр пинҳон рета авло.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Рухуне аз ҳаё хун рета дирӣ,

👁 9

Рухуне аз ҳаё хун рета дирӣ, Ду мижгуни ба заҳр омета дирӣ. Зи ҷодуӣ дар он чоҳи занахдон Дили Ҳорутро овета дирӣ.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Занам аз баҳри ёре гиҷу виҷе,

👁 8

Занам аз баҳри ёре гиҷу виҷе, Шавонам ов аз чашмон биреҷӣ. Ҳар кӣ рози дилаш воҷа ба мардум, Ё аз девонагӣ бу, ё зи гиҷӣ.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Кашам оҳе, ки гардун бохабар шӣ,

👁 9

Кашам оҳе, ки гардун бохабар шӣ, Дили девонаам девонатар шӣ. Битарс аз сӯзи оҳи сӯтадилҳо, Ки оҳи сӯтадилҳо коргар бӣ.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Дили ту кай зи ҳолам бохабар бӣ,

👁 9

Дили ту кай зи ҳолам бохабар бӣ, Куҷо раҳмат ба ин хунинҷигар бӣ. Та, ки хунинҷигар ҳаргиз набудӣ, Кай аз хунинҷигарҳо бохабар бӣ?

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Қадам доим зи бори ғусса хам бӣ,

👁 7

Қадам доим зи бори ғусса хам бӣ, Чу му меҳнаткаше дар даҳр кам бӣ. Му ҳаргиз аз ғам озодӣ надидам, Дили бетолеъи му кӯҳи ғам бӣ.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Му он испедбозам Ҳаммадонӣ,

👁 14

Му он испедбозам Ҳаммадонӣ, Лона дар кӯҳ дорам, дар ниҳонӣ. Ба боли худ парам кӯҳон ба кӯҳон, Ба чанги худ карам нахчирбонӣ.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Та, ки нӯшам наӣ, нешам чароӣ?

👁 20

Та, ки нӯшам наӣ, нешам чароӣ? Та, ки ёрам наӣ, пешам чароӣ? Та, ки марҳам наӣ реши диламро, Намакпоши дили решам чароӣ?

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Азизо, мардӣ аз номард н-оӣ,

👁 11

Азизо, мардӣ аз номард н-оӣ, Фиғону нола аз бедард н-оӣ. Ҳақиқат бишнав аз пури Фаридун, Ки шӯъла аз танӯри сард н-оӣ.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Яқинам ҳосила, ки ҳарзагардӣ,

👁 11

Яқинам ҳосила, ки ҳарзагардӣ, Аз ин гардиш, ки дорӣ, барнагардӣ. Ба рӯи му бибастӣ ҳар раҳеро, Бад-ин одат, ки дорӣ, кай та мардӣ.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Кариме, ки маконаш ломакон бӣ,

👁 15

Кариме, ки маконаш ломакон бӣ, Сафобахши тамоми гулрухон бӣ. Нигаҳдорандаи рӯзу шави халқ, Ба ҳар ҷунбандае рӯзирасон бӣ.

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ
Саҳифаи 2 аз 12