Шеърҳо бо теги: дубайтӣ
Шеърҳои марбут ба теги «дубайтӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Зи бӯи зулфи ту мафтунам, эй гул,
Зи бӯи зулфи ту мафтунам, эй гул, Зи ранги рӯи ту дилхунам, эй гул. Мани ошиқ зи ишқат беқарорам, Ту чун Лайлию ман Маҷнунам, эй гул.
Манам он озарин мурғе, ки филҳол
Манам он озарин мурғе, ки филҳол Бисӯзам оламе, гар барзанам бол, Мусаввир гар кашад нақшам ба девор, Бисӯзам олам аз таъсири тимсол.
Дило, ғофил зи субҳонӣ, чӣ ҳосил,
Дило, ғофил зи субҳонӣ, чӣ ҳосил, Мутеъи нафси шайтонӣ, чӣ ҳосил? Бувад қадри ту афзун аз малоик, Ту қадри худ намедонӣ, чӣ ҳосил?
Магар шеру палангӣ, эй дил, эй дил
Магар шеру палангӣ, эй дил, эй дил Ба му доим ба ҷангӣ, эй дил, эй дил. Агар дастам расад, хунат бирезам, Бувинам, то чӣ рангӣ, эй дил, эй дил.
Чаро озурдаҳолӣ, эй дил, эй дил,
Чаро озурдаҳолӣ, эй дил, эй дил, Мудом андар хаёлӣ, эй дил, эй дил. Бирав, кунҷе нишин, шукри Худо кун, Ки шояд ком ёбӣ, эй дил, эй дил.
Дило, пӯшам зи дастат ҷомаи нил,
Дило, пӯшам зи дастат ҷомаи нил, Ниҳам доғи ғамат чун лола бар дил. Дам аз меҳрат занам ҳамчун дами субҳ, Аз ин дам то дами сури Сирофил.
Худовандо, му безорам аз ин дил,
Худовандо, му безорам аз ин дил, Шаву рӯзон дар озорам аз ин дил. Зи бас нолидам, аз нолиданам танг, Зи му бистон, ки безорам аз ин дил.
Диле дирам, диле девонаву данг,
Диле дирам, диле девонаву данг, Надунам му, ки дирам ном ё нанг. Аз ин девонагӣ рӯзе бароям, Ки дар домони дилбар барзанам чанг.
Фалак на ҳамсаре дорад, на ҳамкуф,
Фалак на ҳамсаре дорад, на ҳамкуф, Ба хунрезе касе асло нагуфт «уф». Ҳамеша шеваву кораш ҳамина, Чароғи дудмонеро кунад пуф.
Ба гӯристон гузар кардам каму беш,
Ба гӯристон гузар кардам каму беш, Бидидам ҳоли давлатманду дарвеш. На дарвеше ба хоке бекафан рафт, На давлатманд бурд аз як кафан беш.
Шави тор асту гургон мезанан меш,
Шави тор асту гургон мезанан меш, Ду зулфонат ҳамоил кун, бура пеш. Аз он кунҷи лабат бӯсе ба му деҳ, Бигӯ: Роҳи Худо додам ба дарвеш.
Ғами дарди му аз аттор мепурс,
Ғами дарди му аз аттор мепурс, Дарозии шав аз бемор мепурс. Халоиқ ҷумлагӣ аҳвол пурсанд, Та, ки ҷону дилӣ, як бор мепурс.
Ҷудо аз рӯят, эй моҳи дилафрӯз,
Ҷудо аз рӯят, эй моҳи дилафрӯз, На рӯз аз шав шиносам, не шав аз рӯз. Висолат гар маро гардад муяссар, Бувад ҳар рӯзи ман чун иди Наврӯз.
Бура булбул, бинолем аз сари сӯз,
Бура булбул, бинолем аз сари сӯз, Бура, ишқи саҳар аз му биёмӯз. Ту аз баҳри гули панҷрӯза нолӣ, Му аз баҳри дилоромам шаву рӯз.
Му, ки сар дар биёбунам шаву рӯз,
Му, ки сар дар биёбунам шаву рӯз, Сиришк аз дида борунам шаву рӯз, На таб дирам, на ҷоям мекуна дард, Ҳамедунам, ки нолунам шаву рӯз.
Ба рӯи моҳат, эй моҳи даҳу чор,
Ба рӯи моҳат, эй моҳи даҳу чор, Ба сарви қаддат, эй зебандарафтор. Ба ҷуз ишқат хаёле дар сарам не, Ба дайёре набу ҷуз та сару кор.
Дило, асло натарсӣ аз раҳи дур,
Дило, асло натарсӣ аз раҳи дур, Дило, асло натарсӣ аз таҳи гӯр. Дило, асло наметарсӣ, ки рӯзе Шавӣ бунгоҳи мору лонаи мӯр.
Агар шерӣ, агар бабрӣ, агар гӯр,
Агар шерӣ, агар бабрӣ, агар гӯр, Саранҷомат бувад ҷо дар таҳи гӯр. Танат дар гӯр гардад суфрагустар, Ба гирдаш мушу мору ақрабу мӯр.
Гулаш дар зери сунбул сояпарвар,
Гулаш дар зери сунбул сояпарвар, Ниҳоли қоматаш нахлест навбар. Зи ишқи он гули рухсори сурӣ Чу булбул нолаву афғон баровар.
Туӣ лавшаккарину ёсаминбар,
Туӣ лавшаккарину ёсаминбар, Му он танозаринам, дидагон тар. Аз он тарсӣ, дар оғӯшам биёӣ, К-аз озар сим гудоза, з-об шаккар.
Дилам зору дилам зору дилам зор,
Дилам зору дилам зору дилам зор, Табибам оваред, дардам кунад чор. Табибам чун бувина бар муи зор, Кара дармуни дардамро ба ночор.
Му он риндам, ки номам бӣ қаландар,
Му он риндам, ки номам бӣ қаландар, На хон дирам, на нон дирам, на лангар. Чу рӯз оя, бигардам гирди кӯят, Чу шав оя, ба хиштон вониҳам сар.
Ба дил нақши хиёлат дар шаби тор,
Ба дил нақши хиёлат дар шаби тор, Хаёли хатту холат дар шаби тор. Мижа кардам ба гарди дида пурчин, Ки то винам ҷамолат дар шаби тор.
Фалак, зору низорам кардӣ охир,
Фалак, зору низорам кардӣ охир, Ҷудо аз гулъизорам кардӣ охир. Миёни тахтаи нардам нишондӣ, Шашу панҷе ба корам кардӣ охир.
Алолай кӯҳсоронам таӣ, ёр,
Алолай кӯҳсоронам таӣ, ёр, Бунафшай ҷӯканоронам таӣ, ёр. Алолай кӯҳсорон ҳафтае бӣ, Умеди рӯзгоронам таӣ, ёр.