Шеърҳо бо теги: Тоҷикистон
Шеърҳои марбут ба теги «Тоҷикистон» дар сомонаи «Шоирон».
Чун набуд дидаваре, ҳақназаре дар бари халқ
Чун набуд дидаваре, ҳақназаре дар бари халқ, Барфу борони бало рехт ба фарқи сари халқ. Сангдил баски фузун буд дар ин сангистон, Дили санг об шуд аз оҳи дили м
Туро дар сина дорам, халқи тоҷик!
Туро дар сина дорам, халқи тоҷик! Ба ҷуз ту кас надорам, халқи тоҷик! Туро дунё чунин озурда кардаст, Ба дунё кина дорам, халқи тоҷик!
Хазонам гул кунад рӯзе, ки хандӣ, эй баҳори ман
Хазонам гул кунад рӯзе, ки хандӣ, эй баҳори ман, Нағунҷам дар ҳама олам, чу гунҷӣ дар канори ман. Вале афсӯсу вовайло, ки аз васли ту маҳрумам, Чу тиллои Зарафш
Кори тоҷик ҳама хом аст, худоё, мададе!
Кори тоҷик ҳама хом аст, худоё, мададе! Дасту по бозу ғулом аст, худоё, мададе! Чор сӯяш ҳама қибла-ст, вале беқибла-ст, Равишу роҳ кадом аст, худоё, мададе!
Сарбузурги боғи пурмева дарахти бед шуд
Сарбузурги боғи пурмева дарахти бед шуд, Шамъи мурда ҳокими манзумаи хуршед шуд. Зиндагон бар мурдареги зиндагӣ жӯлидаанд, Зиндагӣ аз зиндагонӣ буданаш навмед ш
Ватан
Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост, Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост, Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман Модар яктост, Тоҷикистон яктост.
Касе гул кошт, бояд гул бичинад
Касе гул кошт, бояд гул бичинад, Касе хун рехт андар хун нишинад. Чунин пастӣ, ки дар Боми ҷаҳон буд, Худоё, душмани тоҷик набинад.
Хоки Ватан
Тоҷикистон – мазҳари ман, Сарзамини камзамин, Ту саросар кӯҳсорӣ, Ту саросар сангзорӣ,
Каломи тоҷик
Каломи тоҷик аз дилҳо садо кард, Зи ҳар баргаш ҳазорон маънӣ овард. Биё, эй ҳамватан, қадраш бидонем, Ки ин мерос моро сарбаланд кард.