Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Кори тоҷик ҳама хом аст, худоё, мададе!

Кори тоҷик ҳама хом аст, худоё, мададе! Дасту по бозу ғулом аст, худоё, мададе! Чор сӯяш ҳама қибла-ст, вале беқибла-ст, Равишу роҳ кадом аст, худоё, мададе! Хосро ганҷи мудом асту хушии дилу ҷон, Омро ранҷи мудом аст, худоё, мададе! Сангҳояш чӣ шуда? Санги маломат шудаанд, Боз ҳам толиби ном аст, худоё, мададе! Назми ӯ шуҳраи офоқ бувад, лек дареғ Бенизом аз чӣ низом аст, худоё, мададе! Ҳама ҷо фаҳшу ҳаром аст, худоё, мададе! Ҳама ҷо макру ғиром аст, худоё, мададе!"