Шеърҳо бо теги: Тоҷикистон
Шеърҳои марбут ба теги «Тоҷикистон» дар сомонаи «Шоирон».
Шоирон
Мардуми тоҷик дорад ошён дар кӯҳсор
Мардуми тоҷик дорад ошён дар кӯҳсор, Кӯҳ бар ҳастии ӯ умре асар бинмудааст. Маънии тоҷик бошад мардумони тоҷдор, Кӯҳсори хешро ӯ тоҷи сар бинмудааст.
Рафт Султонмуроди Одина
Рафт Султонмуроди Одина, Беғараз, беғубор, бекина. Аз сари кӯҳи Хонақо бигзашт, Бе асо, бе таноб, бе зина.
Ёддошти Масчо
Сано бар модари Масчоҳу фарзандони огоҳаш, Ба қурбони саломи кӯдакони қад-қади роҳаш. Агар Масчоҳи нав як боргоҳи маърифат бошад, Худоё, кӯҳи имон аст Кӯҳистони