Шеърҳо бо теги: дубайтӣ
Шеърҳои марбут ба теги «дубайтӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Мани дилсӯтаро лоиқ надунӣ,
Мани дилсӯтаро лоиқ надунӣ, Ки дар девони ушшоқат бихунӣ. Ҳазорон борам ар хунӣ, бибу кам, Зи ту, зеро ки баҳри бекаронӣ.
Напиндорӣ, ки бустон хуштарам бӣ,
Напиндорӣ, ки бустон хуштарам бӣ, Сарам бу гӯи майдон, хуштарам бӣ. Чу гулхан тору торика ба чашмам, Гулистон бе та зиндон хуштарам бӣ.
Бивоҷӣ, ки чаро та беқарорӣ,
Бивоҷӣ, ки чаро та беқарорӣ, Магар парвардаи боди баҳорӣ? Чаро гардӣ ба кӯҳу дашту саҳро? Ба ҷони та, надорам ихтиёре.
Чу шав бе, ту сарам бар болиш оӣ,
Чу шав бе, ту сарам бар болиш оӣ, Чу най аз устухонам нолиш оӣ. Шави ҳиҷрун ба ҷои ашкам аз чашм Ба мижгон шӯълаҳои оташ оӣ.
Ба ҷуз ин му надорам орзуе,
Ба ҷуз ин му надорам орзуе, Ки бошад ҳамдами му лоларӯе. Агар дарди дилам вожам ба кӯҳон, Дигар дар кӯҳсорон гул нарӯӣ.
Сияҳбахтам, ки бахтам вожгун бӣ,
Сияҳбахтам, ки бахтам вожгун бӣ, Сияҳрӯзам, ки рӯзам тирагун бӣ. Худам меҳнаткаши кӯи муҳаббат, Зи дасти дил, ки ё раб, ғарқи хун бӣ!
Мудомам дил пур аз хуни ҷигар бӣ,
Мудомам дил пур аз хуни ҷигар бӣ, Мудомам ҷон ҳазину дида тар бӣ. Нишинам бар сари роҳат, шавад рӯз, Бувад рӯзе, туро бар му гузар бӣ.
Сифоҳунам, Сифоҳунам, чи ҷо бӣ,
Сифоҳунам, Сифоҳунам, чи ҷо бӣ, Ки ҳар ёре гирифтам, бевафо бӣ. Шавам, яксар бирунам то ба Шероз, Ки дар ҳар манзилам сад ошно бӣ.
Дили нозук мисоли шишаам бӣ,
Дили нозук мисоли шишаам бӣ, Агар оҳе кашам, андешаам бӣ. Сиришкам гар бувад хунин, аҷаб не, Му он дорам, ки дар хун решаам бӣ.
Ба дарёи ғамат дил ғӯтавар бӣ,
Ба дарёи ғамат дил ғӯтавар бӣ, Маро доғи фироқат бар ҷигар бӣ. Ба чашмам қатраҳои ашки хунин, Ту гӯӣ, лолаи боғи назар бӣ.
Ба нодунӣ гирифтам кӯрароҳе,
Ба нодунӣ гирифтам кӯрароҳе, Надунистам, ки афтодам ба чоҳе. Ба дил гуфтам:- Рафиқӣ то ба манзил, Надунистам рафиқи нимароҳе.
Фалак, дар қасди озорам чароӣ,
Фалак, дар қасди озорам чароӣ, Гулам гар нестӣ, хорам чароӣ? Та, ки боре зи дӯшам барнадорӣ, Миёни бор сарборам чароӣ?
Зи шӯрангезии чарху фалак бӣ,
Зи шӯрангезии чарху фалак бӣ, Ки доим дидаи му пурнамак бӣ. Дамодам дуди оҳам бар само бӣ, Паёпай ашки чашмам бар самак бӣ.
Заре чун му на андар бӯтае бӣ,
Заре чун му на андар бӯтае бӣ, На чун му ғам ба дил андӯтае бӣ. Ба ҷуз шамъам ба болин ҳамдаме нест, Ки ёри сӯтадил дилсӯтае бӣ.
Сари роҳун нишинам, то та оӣ,
Сари роҳун нишинам, то та оӣ, Дари шодӣ ба рӯи му кушоӣ. Оя рӯзе, ба роҳи му нишинӣ, Бувинӣ, то чӣ сахта бевафоӣ.
Мудомам дил пурозар, дида тар бӣ,
Мудомам дил пурозар, дида тар бӣ, Ҷоми айшам пур аз хуни ҷигар бӣ. Зи бӯят зиндагӣ ёбам пас аз марг, Туро гар бар сари хокам гузар бӣ.
Паи марги накӯён гул нарӯӣ,
Паи марги накӯён гул нарӯӣ, В-агар рӯӣ, на рангаш бӣ, на бӯе. Зи худрӯ ҳеч ҳосил барнахеза, Ба ҷуз бадномию беобрӯӣ.
Ҳазорон лола гӯян дар ҷаҳон бӣ,
Ҳазорон лола гӯян дар ҷаҳон бӣ, Ҳама бар му диҳан, бар дил гарон бӣ. Алолай хум, ки хушранг асту хушбӯ, Сарафрози ҳама ололаён бӣ.
Хуроин чеҳраат афрӯтатар бӣ,
Хуроин чеҳраат афрӯтатар бӣ, Ба ҷунам тири ишқат дӯтатар бӣ, Зи чӣ холи рухат, дунӣ, сиёҳа? Ҳар он наздики хур бӣ, сӯтатар бӣ.
Шаве, к-он нозанинам аз дар оӣ,
Шаве, к-он нозанинам аз дар оӣ, Гузашта умрам он шав бар сар оӣ, Ҳама шав дидаи му то саҳаргоҳ Бувад бар роҳи та, то худ бароӣ.
Чи хуш бе васлат оҳанги малак бӣ,
Чи хуш бе васлат оҳанги малак бӣ, Маро васли ту ороми дилак бӣ. Зи ҳаҷрат, эй бути ширину чолок, Дамодам дасти ҳайрат бар сарак бӣ.
Ҳама банди танам монанди най бӣ,
Ҳама банди танам монанди най бӣ, Мудомам дарди ҳиҷронат зи пай бӣ. Маро сӯзу гудоза то қиёмат, Худо дуна, қиёмат то ба кай бӣ.
Ҷаҳони бевафо зиндони мо бӣ,
Ҷаҳони бевафо зиндони мо бӣ, Хори ғам қисмати домони мо бӣ. Сабри Айюбу меҳнатҳои Яъқуб Ҳама гӯӣ насиби ҷони мо бӣ.
Мудомам дил пуроташ, дида тар бӣ,
Мудомам дил пуроташ, дида тар бӣ, Асоси айшам аз хуни ҷигар бӣ. Та ки ҳаргиз насӯта ҷонат аз ғайр, Куҷо аз сӯтаҷононат хабар бӣ?
Ғами олам насиби ҷони мо бӣ,
Ғами олам насиби ҷони мо бӣ, Ба дарди мо фароғат кимиё бӣ. Расад охир ба дармон дарди ҳар кас, Дили мо бӣ, ки дармонаш бало бӣ.