Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Кист, к-аз ушшоқ пайғоме расонад ёрро

Кист, к-аз ушшоқ пайғоме расонад ёрро, В-аз фаромӯшон диҳад ёд он фаромушкорро. Шуд дилам озурдаи захми ғами ҳиҷрон, куҷост Марҳами васле, ки аз дил чинад ин озорро? З-ашки хунин сурхрӯйиҳост пеши мардумам, Ҳақгузорӣ чун кунам ин дидаи хунборро. Хун аз он гирям зи ҳаҷри ӯ, ки дар хун ғарқа беҳ Дида, к-ӯ лоиқ набошад давлати дидорро. Пор гуфт он маҳ бароям: – Бо ту хуш соли дигар! Шуд чунон, к-имсол андар хоб бинам порро. Баҳри худ номи саги он дар нахоҳам орият, Чун писандам бар шиори давлаташ ин орро. Сар ба болини ҷудоӣ дид Ҷомиро табиб, Гуфт: – Ҷуз мурдан илоҷе нест ин беморро.