Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ДАР СӮГИ ТОКИСТОН

Дилам аз барқи фарёде, ки рӯзе, ҳамзабоне аз табори нур, дар гӯшам фурӯ хондаст пурнур аст, Ки як рӯзе зи токистони сабзи ҳамҷавори боғи мо мехонд: «Чӣ мегӯед, Куҷо шаҳд аст ин обе, ки дар ҳар донаи ширини ангур аст, Куҷо шаҳд аст, Ин хун аст, Хуни боғбони пири ранҷур аст, Чунин осон магиредаш, Чунин осон манӯшедаш». Дар ин шабҳои бемаҳтоб, Суханпардози бинодил, Ту шояд бо ду чашми хеш медидӣ, Ки хуни боғбони пир, аз ҳар донаи ангур меҷӯшид Ва он хунобаро ҳар марду номарде, Чӣ бебокона менӯшид. Ва хоболудагоне з-ин сӯи девор медиданд, Ки аз пистони шаб фарёди шоир нур медӯшид. Кунун, к-он рӯзҳову сӯзҳо аз ёди мардум рафт, Кунун, ки ҳасту буди мо Ба коми оташи бедод ҳамчун мушти ҳезум рафт. Кунун, ки хуни моро, ҳеч ҷое ҳеч дият нест, Ва меъёри қазоват одамият нест. Куҷоӣ, эй ки ёдат рафта дигар қиссаҳои хуну хокистар. Надонам дар кадомин боғ, Бар рӯи кадомин сабзаҳо густурдаи бистар? Аз он соҳил тамошо кун, ки бар мову ту аз як абр, ин оташ фурӯ борид. Ва токистони моро як шарар дар шуъла хобонид, Мапурс аз боғбони пир, Магӯ аз донаи ангур,