Шеърҳо бо теги: ахлоқӣ
Шеърҳои марбут ба теги «ахлоқӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Аз лутфи ту ҳеч банда навмед нашуд,
Аз лутфи ту ҳеч банда навмед нашуд, Мақбули ту ҷуз муқбили ҷовид нашуд. Меҳрат ба кадом зарра пайваст даме, К-он зарра беҳ аз ҳазор хуршед нашуд.
Гар дард кунад пои ту, эй ҳурнажод,
Гар дард кунад пои ту, эй ҳурнажод, Аз дард бидон, ки ҳаргизат дард мабод. Он дарди ман аст, бар манаш раҳм ояд, Аз баҳри шафоатам ба пои ту фитод.
Онӣ, ки зи ҷонам орзуи ту нарафт,
Онӣ, ки зи ҷонам орзуи ту нарафт, Аз дил ҳаваси рӯи накӯи ту нарафт. Аз кӯи ту ҳар кӣ рафт, дилро бигузошт, Кас бо дили хештан зи кӯи ту нарафт.
Симобӣ шуд ҳавову зангорӣ дашт,
Симобӣ шуд ҳавову зангорӣ дашт, Эй дӯст, биёву бигзар, аз ҳар чӣ гузашт. Гар майли вафо дорӣ, инак дилу ҷон, В-ар рои ҷафо дорӣ, инак сару ташт.
Ҷоно, ба замини Ховарон хоре нест,
Ҷоно, ба замини Ховарон хоре нест, К-аш бо ману рӯзгори ман коре нест. Бо лутфу навозиши ҷамоли ту маро Дар додани сад ҳазор ҷон оре нест.
Гуфтори накӯ дораму кирдорам нест,
Гуфтори накӯ дораму кирдорам нест, Аз гуфти накӯи беамал орам нест. Душвор бувад кардану гуфтан осон, Осон бисёру ҳеч душворам нест.
Ҳарчанд ки одамӣ малакасирату хӯст,
Ҳарчанд ки одамӣ малакасирату хӯст, Бад гар набувад ба душмани худ, некӯст. Девона дили касест, ки- ин одати ӯст, К-ӯ душмани ҷони хеш медорад дӯст.
Эзид, ки ҷаҳон ба қабзаи қудрати ӯст,
Эзид, ки ҷаҳон ба қабзаи қудрати ӯст, Додаст туро ду чиз, к-он ҳар ду накӯст: Ҳам сирати он, ки дӯст дорӣ касро, Ҳам сурати он, ки кас туро дорад дӯст.
Эй дӯст, эй дӯст, эй дӯст,эй дӯст,
Эй дӯст, эй дӯст, эй дӯст,эй дӯст, Ҷаври ту аз он кашам, ки рӯи ту накӯст. Мардум гӯянд: Биҳишт хоҳӣ ё дӯст? Эй бехабарон, биҳишт бо дӯст накӯст.
Роҳи ту ба ҳар равиш, ки пӯянд, хуш аст,
Роҳи ту ба ҳар равиш, ки пӯянд, хуш аст, Васли ту ба ҳар ҷиҳат, ки ҷӯянд, хуш аст. Рӯи ту ба ҳар дида, ки бинанд, накӯст, Номи ту ба ҳар забон, ки гӯянд, хуш ас
Эй холиқи халқ, раҳнамое бифирист,
Эй холиқи халқ, раҳнамое бифирист, Бар бандаи бенаво навое бифирист. Кори мани бечора гираҳ дар гираҳ аст, Раҳме бикуну гираҳкушое бифирист.
Ё раб, сабаби ҳаёти ҳайвон бифирист,
Ё раб, сабаби ҳаёти ҳайвон бифирист, В-аз хони карам неъмати алвон бифирист. В-аз баҳри лаби ташнаи тифлони набот Аз синаи абр шири борон бифирист.
Ишқам, ки ба ҳар рагам ғаме пайванд аст,
Ишқам, ки ба ҳар рагам ғаме пайванд аст, Дардам, ки дилам ба дард ҳоҷатманд аст. Сабрам, ки ба ком панҷаи шерам ҳаст, Шукрам, ки мудом хоҳишам хурсанд аст.
Пайваста зи ман кашидадоман дили туст,
Пайваста зи ман кашидадоман дили туст, Фориғ зи мани сӯхтахирман дили туст. Гар умр вафо кунад, ман аз ту дили хеш Фориғтар аз он кунам, ки аз ман дили туст.
Исёни халоиқ арчи саҳро-саҳрост,
Исёни халоиқ арчи саҳро-саҳрост, Дар пеши инояти ту як барги гиёст. Ҳарчанд гуноҳи мост киштӣ-киштӣ, Ғам нест, ки раҳмати ту дарё-дарёст.
Озодию ишқ чун ҳаме н-омад рост,
Озодию ишқ чун ҳаме н-омад рост, Банда шудаму ниҳодам аз як сӯ хост. З-ин пас чунонки дорадам дӯст, равост, Гуфтору хусумат аз миёна бархост.
Кардам тавба, шикастияш рӯзи нахуст,
Кардам тавба, шикастияш рӯзи нахуст, Чун бишкастам, ба тавбаам хондӣ чуст. Ақисса, зимоми тавбаам дар кафи туст, Як дам на шикастааш гузорӣ, на дуруст.
Аз бори гунаҳ шуд тани мискинам паст,
Аз бори гунаҳ шуд тани мискинам паст, Ё раб, чӣ шавад, агар маро гирӣ даст? Гар дар амалам он чи туро шояд, нест, Андар карамат он чи маро бояд, ҳаст.
Он ёр, ки аҳди дӯстдорӣ бишкаст,
Он ёр, ки аҳди дӯстдорӣ бишкаст, Мерафту манаш гирифта доман дар даст. Мегуфт: Дигарбора ба хобам бинӣ, Андар карамат он чи маро бояд, ҳаст.
Ман бандаи осиям, ризои ту куҷост,
Ман бандаи осиям, ризои ту куҷост, Торикдилам, нуру сафои ту куҷост? Моро ту биҳишт агар ба тоат бахшӣ, Ин байъ бувад, лутфу атои ту куҷост?
Гар толиби роҳи Ҳақ шавӣ, раҳ пайдост,
Гар толиби роҳи Ҳақ шавӣ, раҳ пайдост, Ӯ рост бувад бо ту, ту гар бошӣ рост. В-он гаҳ ки ба ихлосу ба дил гар софӣ, Ӯро бошӣ, бидон, ки ӯ низ турост.
Эй оинаи ҳусни ту дар сурати зеб
Эй оинаи ҳусни ту дар сурати зеб Гирдоби ҳазор киштии сабру шикеб. Ҳар оинае, ки ғайри ҳусни ту бувад, Хонад хирадаш сароби саҳрои фиреб.
Эй зоту сифоти ту мубарро зи уюб,
Эй зоту сифоти ту мубарро зи уюб, Як ном зи асмои ту алломи ғуюб. Раҳм ор, ки умру тоқатам рафт ба бод, На Нӯҳ бувад ном маро, на Айюб.
Боз о, боз о, ҳар он чӣ ҳастӣ, боз о,
Боз о, боз о, ҳар он чӣ ҳастӣ, боз о, Гар кофару габру бутпарастӣ, боз о. Ин даргаҳи мо даргаҳи навмедӣ нест, Сад бор агар тавба шикастӣ, боз о.
Дӣ шона зад он моҳ хами гесӯро,
Дӣ шона зад он моҳ хами гесӯро, Бар чеҳра ниҳод зулфи анбарбӯро. Пӯшид бад-ин ҳила рухи некӯро, То ҳар кӣ на маҳрам, нашиносад ӯро.