Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Сӯхтан як нағма аст аз сози шамъ,

Сӯхтан як нағма аст аз сози шамъ, Парда натвонад нуҳуфтан рози шамъ. Худгудозӣ обрӯйи дигар аст, Мерасад бар анҷуманҳо нози шамъ. Нолаҳо дар дуди дил гум кардаем, Сурма печидаст бар овози шамъ. Ошиқонро мӯнисе ҷуз дард нест, Сӯхтан бошад ҳамон дамсози шамъ. То кай, эй парвона, болафшоният? Сарфишониҳост бо гулбози шамъ. Хатми тадбири забон лаб бастан аст, То хамӯшӣ мерасад парвози шамъ. Равнақи ушшоқ арзи нестист, Сар буридан мешавад пардози шамъ. Кист дарёбад забони бехудон? Нест ҷуз парвози ранг овози шамъ. Саъйи худро худ талофӣ кардаем, Ҳам сари хеш аст пойандози шамъ. Муддаои ҷустуҷӯ равшан нашуд, Пур баланд афтодааст андози шамъ. Фикри анҷоме дигар дорем мо, Дида бошӣ сурати оғози шамъ. Хомушӣ ҳам тарҷумони ҳоли мост, Бе сухан пайдост, Бедил, рози шамъ.
Сӯхтан як нағма аст аз сози шамъ, | Шоирон