Оҳ, ба дӯстон дигар арзи дуо кӣ мебарад?
Оҳ, ба дӯстон дигар арзи дуо кӣ мебарад?
Ашк чакиду нола рафт, номаи мо кӣ мебарад?
Тавъами гул дамидаем, домани субҳ чидаем,
Дар чамане ки ранги мост, бӯи вафо кӣ мебарад?
Нағмаи маҳфили карам вақфи ҷунуни соил аст,
В-арна, ба арзи муддао ирзи ҳаё кӣ мебарад?
Нанги ҳавас намекашад давлати безаволи мо,
Бар дари кибриёи фақр номи ҳумо кӣ мебарад?
Кард кашокаши ҳавас муфлисат аз шукӯҳи ноз
Огаҳие ки аз кафат ранги ҳино кӣ мебарад?
Ҳар кӣ гузашт аз ин чаман, решаи ҳасраташ ба ҷост,
Ин ҳама корвони ранг рӯ ба қафо кӣ мебарад?
Оинаи ҳузури дил туҳфаи дайру Каъба нест,
Он чи нисори нози туст дар ҳама ҷо, кӣ мебарад.
Аз ғами ҳастию адам ёди ту кард фориғам,
Хоки маро ба бод ҳам аз ту ҷудо кӣ мебарад?
Шамъ чу вақт даррасад, хуфта ба болу пар расад,
Рафтан агар ба сар расад, заҳмати по кӣ мебарад?
То ба фалак далели
мо чашм кушудан асту бас,
Кӯрӣ агар на раҳ занад, каф ба асо кӣ мебарад?
Бедил, аз улфати ҳавас бигсилу роҳи унс гир,
Мунтазири талаб мабош, нанги «биё» кӣ мебарад?