Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Зи ту болотар, эй болонишин,

Зи ту болотар, эй болонишин, болонишине ҳаст, Туро гар чини абрӯе, маро чини ҷабине ҳаст. Туро гар оташи хашму ғазаб ҳар лаҳза даргирад, Маро аз кӯраи айём шеъри оташине ҳаст. Ба рӯи ту ғубори кин қабат андар қабат пайдост, Зи раҳҳои замон дар рӯи ман гарди замине ҳаст. Баландии ту то минбар, валекин ғофилӣ аз он, Ки шеъру шоири болотар аз чархи барине ҳаст. Ба худ дармондаӣ, зеро ки метарсӣ зи имое, Ман аз худ рафтаам, зеро ки ишқи нозанине ҳаст. Чу деҳқонзодаам дар аслу ҳам андар сухан, шодам, Ки аз дунболи ҳар марди даравгар хӯшачине ҳаст!