Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ХОТИРА

Барои духтарам Робиа, ки маро дар беморхона танҳо нагузошт Эй гул, бирав, ки дар бари ман дер мондаӣ, Бо ман астри панҷаи тақдир мондаӣ. Тақдирро тағйир ба тадбир кас надод, Ноҳақ умедвор ба тадбир мондаӣ. Гуфтам: Дило, чӣ гуна аз ин дом барпарем? Дил гуфт: Дом нест, ба занҷир мондаӣ. Гуфтам: Шавад, ки бишканад ин ҳалқаҳо зи пой, Гуфто: Бале, валек замингир мондаӣ. Гуфтам: Ки пир гаштаму аз дил ғамам нарафт, Гуфто: Асири ин ғами бепир мондаӣ.