Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Донӣ, ки чист давлат? Дидори ёр дидан

Донӣ, ки чист давлат? Дидори ёр дидан, Дар кӯйи ӯ гадойӣ бар хусравӣ гузидан. Аз ҷон тамаъ буридан осон бувад, валекин Аз дӯстони ҷонӣ мушкил тавон буридан. Хоҳам шудан ба бустон чун ғунча бо дили танг В-он ҷо ба некномӣ пироҳане даридан. Гаҳ чун насим бо гул рози ниҳуфта гуфтан, Гаҳ сирри ишқбозӣ аз булбулон шунидан. Бӯсидани лаби ёр аввал зи даст магзор, К-охир малул гардӣ аз дасту лаб газидан. Фурсат шумор суҳбат, к-аз ин дуроҳа манзил Чун бигзарем, дигар натвон ба ҳам расидан. Гӯӣ бирафт Ҳофиз аз ёди Шоҳ Мансур, Ё Раб, ба ёдаш овар дарвеш парваридан.