АЗИЗТАР АЗ ҶОН
Ёро, ҳуқуқи суҳбати ёрон нигоҳ дор!
Бо ҳамраҳон вафо куну паймон нигоҳ дор!
Дар роҳи ишқ гар биравад ҷони мо чӣ бок?
Эй дил, ту он азизтар аз ҷон нигоҳ дор!
Муҳтоҷи як карашмаам, эй мояи умед,
Ин ишқро зи офати ҳирмон нигоҳ дор!
Мо бо умеди субҳи висоли ту зиндаем,
Моро зи ҳавли ин шаби ҳиҷрон нигоҳ дор!
Мапсанд Юсуфи ман асири бародарон,
Парвои пири кулбаи эҳзон нигоҳ дор!
Бозам хаёли зулфи ту раҳ зад Худойро,
Чашми маро зи хоби парешон нигоҳ дор!
Эй дил, агарчи бесару сомонтар аз ту нест,
Чун Соя сар раҳо куну сомон нигоҳ дор!