Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ҚИССАИ ДАРД

Рафтаму заҳмати бегонагӣ аз кӯи ту бурдам, Ошнои ту дилам буду ба дасти ту супурдам. Ашк домони маро гираду дар пои ман афтад, Ки дили хуншударо ҳам зи чӣ ҳамроҳ набурдам. Шармам аз ойинаи рӯи ту меояд, агар на Оташи оҳ ба дил ҳаст, нагӯӣ, ки фусурдам. Ту чу парвонаам оташ бизан, эй шамъу бисӯзон, Мани бедил натавонам, ки ба гирди ту нагардам. Мебарандат дигарон даст ба даст, эй гули раъно, Ҳайфи ман, булбули хушхон, ки ҳама хори ту хӯрдам. Ту ғизолам нашудӣ ром, ки шеъри хушат орам, Ғазалам қиссаи дард аст, ки парвардаи дардам. Хуни ман рехт ба афсунгарию қотили ҷон шуд, Соя, онро, ки табиби дили бемор шумурдам.