Шеърҳо бо теги: динӣ
Шеърҳои марбут ба теги «динӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Аз Каъба раҳест то ба мақсад пайваст,
Аз Каъба раҳест то ба мақсад пайваст, В-аз ҷониби майхона раҳе дигар ҳаст. Аммо раҳи майхона зи ободонӣ Роҳест, ки коси май равад даст ба даст.
Аз бори гунаҳ шуд тани мискинам паст,
Аз бори гунаҳ шуд тани мискинам паст, Ё раб, чӣ шавад, агар маро гирӣ даст? Гар дар амалам он чи туро шояд, нест, Андар карамат он чи маро бояд, ҳаст.
Ман бандаи осиям, ризои ту куҷост,
Ман бандаи осиям, ризои ту куҷост, Торикдилам, нуру сафои ту куҷост? Моро ту биҳишт агар ба тоат бахшӣ, Ин байъ бувад, лутфу атои ту куҷост?
Шириндаҳане, ки аз лабаш ҷон мерехт,
Шириндаҳане, ки аз лабаш ҷон мерехт, Куфраш зи сари зулфи парешон мерехт. Гар шайх ба куфри зулфи ӯ раҳ мебурд, Хоки раҳи ӯ бар сари имон мерехт.
Аз куфри сари зулфи вай имон мерехт,
Аз куфри сари зулфи вай имон мерехт, В-аз нӯши лабаш чашмаи ҳайвон мерехт. Чун кабки хироманда ба сад раъноӣ Мерафту зи хоки қадамаш ҷон мерехт.
Мерафтаму хуни дил ба роҳам мерехт,
Мерафтаму хуни дил ба роҳам мерехт, Дӯзах-дӯзах шарар зи оҳам мерехт. Меомадам аз шавқи ту бар гулшани кавн, Доман-доман гул аз нигоҳам мерехт.
Боз о, боз о, ҳар он чӣ ҳастӣ, боз о,
Боз о, боз о, ҳар он чӣ ҳастӣ, боз о, Гар кофару габру бутпарастӣ, боз о. Ин даргаҳи мо даргаҳи навмедӣ нест, Сад бор агар тавба шикастӣ, боз о.
Тасбеҳ малакрову сафо Ризвонро,
Тасбеҳ малакрову сафо Ризвонро, Дӯзах бадро, биҳишт мар неконро. Дунё Ҷамрову Қайсару Хоқонро, Ҷонон морову ҷони мо ҷононро.
Мансури Ҳалоҷ он наҳанги дарё,
Мансури Ҳалоҷ он наҳанги дарё, К-аз пунбаи тан донаи ҷон кард ҷудо, Рӯзе, ки «аналҳақ» ба забон меовард, Мансур куҷо буд?- Худо буд, Худо.
Гаҳ бар дари дайр менишонӣ моро,
Гаҳ бар дари дайр менишонӣ моро, Гаҳ дар раҳи Каъба медавонӣ моро. Инҳо ҳамагӣ лозимаи ҳастии мост, Хуш он ки зи хеш вораҳонӣ моро.
Ё раб, макун аз лутф парешон моро,
Ё раб, макун аз лутф парешон моро, Ҳарчанд ки ҳаст ҷурму исён моро. Зоти ту ғанӣ будаву мо мӯҳтоҷем, Мӯҳтоҷ ба ғайри худ магардон моро.
Аз зӯҳд агар мадад диҳӣ имонро,
Аз зӯҳд агар мадад диҳӣ имонро, Муртоз кунӣ ба тарки дунё ҷонро. Тарки дунё, на зӯҳди дунё, зеро-к Наздики хирад зӯҳд бихонанд онро.
Ё раб, зи карам даре ба рӯям бикушо,
Ё раб, зи карам даре ба рӯям бикушо, Роҳе, ки дар ӯ наҷот бошад, бинамо. Мустағниям аз ҳар ду ҷаҳон кун ба карам, Ҷуз ёди ту ҳар чӣ ҳаст, бар аз дили мо.
То дард расид чашми хунхори туро,
То дард расид чашми хунхори туро, Хоҳам, ки кашад ҷони ман озори туро. Ё раб, ки зи чашм захми даврон ҳаргиз Дарде нарасад наргиси бемори туро.
Дар Каъба агар дил суи ғайр аст туро,
Дар Каъба агар дил суи ғайр аст туро, Тоат ҳама фисқу Каъба дайр аст туро. В-ар дил ба Худову сокини майкадаӣ, Май нӯш, ки оқибат ба хайр аст туро.
Дунё гузарон, меҳнати дунё гузарон,
Дунё гузарон, меҳнати дунё гузарон, Не бар падарон монаду не бар писарон. То битвонӣ, умр ба тоат гузарон, Бингар, ки фалак чӣ мекунад бо дигарон.