Шеърҳо бо теги: зебогӣ
Шеърҳои марбут ба теги «зебогӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Бе та болин сияҳмора ба чашмам,
Бе та болин сияҳмора ба чашмам, Бе та рӯзон шави тора ба чашмам. Бе та ҳар гаҳ шавам сайри гулистон, Гулистон сар ба сар хора ба чашмам.
Бе та гулшан чи зондона ба чашмам,
Бе та гулшан чи зондона ба чашмам, Гулистон озаристона ба чашмам. Бе та орому умру зиндагонӣ Ҳама хоби парешона ба чашмам.
Ду зулфонат бувад тори рубобам,
Ду зулфонат бувад тори рубобам, Чӣ мехоҳӣ аз ин ҳоли харобам? Та, ки бо му сари ёрӣ надорӣ, Чаро ҳар ними шав оӣ ба хобам?
Зи бӯи зулфи ту мафтунам, эй гул,
Зи бӯи зулфи ту мафтунам, эй гул, Зи ранги рӯи ту дилхунам, эй гул. Мани ошиқ зи ишқат беқарорам, Ту чун Лайлию ман Маҷнунам, эй гул.
Шави тор асту гургон мезанан меш,
Шави тор асту гургон мезанан меш, Ду зулфонат ҳамоил кун, бура пеш. Аз он кунҷи лабат бӯсе ба му деҳ, Бигӯ: Роҳи Худо додам ба дарвеш.
Ба рӯи моҳат, эй моҳи даҳу чор,
Ба рӯи моҳат, эй моҳи даҳу чор, Ба сарви қаддат, эй зебандарафтор. Ба ҷуз ишқат хаёле дар сарам не, Ба дайёре набу ҷуз та сару кор.
Ду чашмам дарди чашмуни ту чинод,
Ду чашмам дарди чашмуни ту чинод, Наво дарде ба чашмунат нишинод. Шунидам, рафтию ёре гирифтӣ, Агар гӯшам шуну, чашмам навинод.
Амон аз ахтари шӯридаи му,
Амон аз ахтари шӯридаи му, Фиғон аз бахти баргардидаи му. Зи ҳиҷронат ба ҷои ашкам аз чашм Зи мижгун шӯълаҳои оташ ояд.
Ба дил ёдам чу аз буму бар ояд,
Ба дил ёдам чу аз буму бар ояд, Сиришкам бехуд аз чашми тар ояд. Аз он тарсам мани баргаштадаврон, Ки умрам дар ғарибӣ бар сар ояд.
Намедунам, дилам девунаи кист,
Намедунам, дилам девунаи кист, Куҷо мегардаду дар хунаи кист. Намедунам, дили саргаштаи му Асири наргиси мастунаи кист.
Яке барзигаре нолун дар ин дашт
Яке барзигаре нолун дар ин дашт Ба чашми хунфишон олола мекишт. Ҳамекишту ҳамегуфт: Эй дареғо, Ки бояд киштану ҳиштан дар ин дашт.
Азизо, косаи чашмам сароят,
Азизо, косаи чашмам сароят, Миёни ҳар ду чашмам хоки поят. Аз он тарсам, ки ғофил по ниҳӣ боз, Нишинад хори мижгонам ба поят.