Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Эй хаёловораи найранги ҳуш,

Эй хаёловораи найранги ҳуш, То тавонӣ, дар шикасти ранг кӯш. То нафас боқист, мовуман ба ҷост, Шамъ бе куштан намегардад хамӯш. Зиндагӣ дар нанги ҳастӣ мурдан аст, Хок гарду айби мовуман бипӯш. З-ин хумистон гармии дил бурдаанд, Ҳамчу май бо хуни худ чанде биҷӯш. Аз ҷароҳатзори дил ғофил мабош, Рангҳо дорад дукони гулфурӯш. Ишқ агар набвад, ҳавас ҳам оламест, Нест хуни дил гуворо, май бинӯш. Хоки ман бар бод рафту хомушам, Ҳамчу субҳам дар нафас хун шуд хурӯш. Тардимоғон аз мухолиф эминанд, Гоҳи хушкӣ бод мепечад ба гӯш. Ё Раб, аз мастӣ налағзад пойи ман, Ашк минохонае дорад ба дӯш. Зиндагонӣ нашъаи ваҳмаш расост, То намемирӣ, намеоӣ ба ҳуш. Гар либоси соя аз дӯш афканӣ, Мекунад урёният хуршедпӯш. Яъс бар ҷо монду фурсатҳо гузашт, Имшаби мо нест ҷуз андӯҳи дӯш. То магар, Бедил, диле орӣ ба даст, Дар тавозуъ ҳамчу зулфи ёр кӯш.