Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ЛАШКАР КАШИДАНИ ЗОЛ БА СӮИ АФРОСИЁБ

Хурӯшидани кӯс бо каррной, Ҳамон жандапилону ҳиндидарой. Баромад зи Зобулситон растахез, Замин мурдаро бонг барзад, ки «Хез!» Сипоҳе баромад зи Зобул бурун, Чу шерон ҳама даст шуста ба хун. Ба пеш - андарун Рустами паҳлавон, Паси пушти ӯ солхӯрда гавон. Чунон шуд зи лашкар дару дашту роғ, Ки бар сар наёраст паррид зоғ. Табира задандӣ ҳама шаб ба ҷой, Ҷаҳонро на сар буд пайдо, на пой. Ба ҳангоми бишкуфтани гулистон Биёвард лашкар зи Зобулистон. Зи Зол огаҳӣ ёфт Афросиёб, Баромад зи орому аз хӯрду хоб. Биёвард лашкар суи Хори Рай, Бад-он марғзоре, ки буд обу най. В-аз Эрон биёмад дамодам сипоҳ, Зи роҳи биёбон сӯи размгоҳ. Зи лашкар ба лашкар ду фарсанг монд, Ҷаҳондидагонро сипаҳбад бихонд. Бад-эшон чунин гуфт, к-«Эй бихрадон, Ҷаҳондидаву коркарда радон. Ҳам эдар басе лашкар оростем, Басе некӯиву беҳӣ хостем. Пароканда шуд рой бе тахти шоҳ, Ҳама кор бебӯю бесар сипоҳ. Чу бар тахт биншаст фархунда Зав, Зи гетӣ яке офарин хост нав. Шаҳе бояд акнун зи тухми каён, Ба тахти каӣ - бар камар бар миён. Нишон дод мӯбад маро дар замон, Яке шоҳи бофарру бурзи каён. Зи тухми Фаридуни ял Кайқубод, Ки бо фарру бурз асту бо расму дод.