ГИРИФТАНИ РУСТАМ РАХШРО
Гала ҳар чи будаш зи Зобулситон,
Биёвард чанде зи Кобулситон.
Ҳама пеши Рустам ҳаме ронданд,
Бар ӯ доғи шоҳон ҳаме хонданд.
Дар аспе, ки Рустам кашидӣ ба пеш,
Ба пушташ фишурдӣ ҳаме дасти хеш,
Зи нерӯи ӯ пушт кардӣ ба ҳам,
Ниҳодӣ ба рӯи замин-бар шикам.
Чунин то биёмад якояк ба танг,
Фасила ҳаме ронданд ранг-ранг.
Яке модиён тез бигзашт хинг,
Бараш чун бари шеру кӯтоҳлинг.
Ду гӯшаш чу ду ханҷари обдор,
Бару ёл фарбеҳ, миёнаш низор.
Яке курра аз пас ба болои ӯ,
Сурину бараш ҳам ба паҳнои ӯ.
Сияҳчашму бӯрабрашу говдум,
Сияҳхояву тунду пӯлодсум.
Танаш пурнигор аз карон то карон,
Чу барги гули сурх бар заъфарон.
Ба шаб мӯрча бар палоси сиёҳ
Бидидӣ ба чашм аз ду фарсанг роҳ,
Ба нерӯй пилу ба боло ҳаюн,
Ба заҳра чу шери куҳи Бесутун,
Чу Рустам бад-он модиён бингарид,
Мар он курраи пилтанро бидид,
Каманди каёнӣ ҳаме дод хам,
Ки он курраро боз гирад зи рам.
Ба Рустам чунин гуфт чӯпони пир,
Ки «Эй меҳтар, аспи касонро магир!»
Бипурсид Рустам, ки «Ин аспи кист,
Ки аз доғ рӯи ду ронаш тиҳист?»
Чунин дод посух, ки «Доғаш маҷӯй,
К-аз ин ҳаст ҳар гунае гуфтугӯй.
Ҳаме Рахш хонему бӯрабраш аст,
Ба хубӣ чу обу ба так оташ аст.
Худованди инро надонем кас,
Ҳаме Рахши Рустам-ш хонем бас.