ГАРШОСП Подшоҳии ӯ нӯҳ сол буд
Писар буд Завро яке хешком,
Падар карда будиш Гаршосп ном.
Биёмад, нишаст аз бари тахтгоҳ,
Ба сар барниҳод он каёнӣ кулоҳ.
Чу биншаст бар тахтгоҳи падар,
Ҷаҳонро ҳаме дошт бо зебу фар.
Хабар шуд ба туркон, ки Зав даргузашт,
Бад-он сон ки буд, тахт бе шоҳ гашт.
Хурӯшиду бифканд киштӣ бар об,
Биёмад ба Хори Рай Афросиёб.
Наёвард як тан дуруди Пашанг,
Сараш пур зи кин буду дил пур зи ҷанг.
Дилаш худ зи тахту кулаҳ гашта буд,
Ба тимори Ағрирас оғушта буд.
Бад-ӯ рӯй нанмуд ҳаргиз Пашанг,
Шуд он теғи равшан пур аз тиразанг,
Фиристода рафтӣ ба наздики ӯй,
Ба солу ба маҳ буд, ки нанмуд рӯй.
Ҳаме гуфт: Агар тахтро сар будӣ,
Чу Ағрирасаш ёр дарх(в)ар будӣ.
Ту хуни бародар бирезӣ ҳаме,
Зи парварда мурғе гурезӣ ҳаме.
Туро сӯи душман фиристам ба ҷанг,
Ҳаме бар бародар кунӣ рӯз танг.
Маро бо ту то ҷовидон кор нест,
Ба назди манат роҳи дидор нест.
Чунин то баромад бар ин рӯзгор,
Дарахти бало ҳанзал овард бор.
Бад-он сол Гаршоспи Зав даргузашт
Зи гетӣ ҳамин буд, ҳувайдо бигашт.
Пуровоз шуд гӯш аз ин огаҳӣ,
Ки бекор шуд тахти шоҳаншаҳӣ.
Паёме биёмад ба кирдори санг
Ба Афросиёб аз диловар Пашанг,
Ки бигзар зи Ҷайҳуну баркаш сипоҳ,
Мамон, то касе барнишинад ба гоҳ!
Яке лашкар орост Афросиёб
Зи дашти Сапеҷоб то рӯди Об.