Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ЗАВИ ТАҲМОСП Подшоҳии ӯ панҷ сол буд

Шабе Зол биншаст ҳангоми хоб, Сухан гуфт бисёр з-Афросиёб, Ҳам аз размзан номдорони хеш, Ҳам аз паҳлавонону ёрони хеш. Ҳаме гуфт: «Ҳарчанд к-аз паҳлавон Бувад бахт бедору равшан равон, Бибояд яке шоҳи хусравнажод, Ки дорад гузашта суханҳо ба ёд. Ба кирдори киштист кори сипоҳ, Ҳамаш боду ҳам бодбон подшоҳ. Агар дораде Тусу Густаҳм фар, Сипоҳ асту гурдони бисёрмар. Ҳар он номвар, к-ӯ набошад-ш рой, Ба тахту бузургӣ набошад сазой. Назебад бар эшон ҳаме тоҷу тахт, Бибояд яке шоҳи пирӯзбахт, Ки бошад бад-ӯ фарраи эзадӣ, Битобад зи гуфтори ӯ бихрадӣ.» Зи тухми Фаридун биҷустанд чанд, Яке шоҳ зебои тахти баланд. Надиданд ҷуз пури Таҳмосп Зу, Ки зӯри каён дошту фарҳанг ӯ. Бишуд Қорану мӯбаду марзбон, Сипоҳе зи гурдони кундоварон. Яке мужда бурданд наздики Зав, Ки тоҷи Фаридун ба ту гашт нав. Сипаҳдор Дастону яксар сипоҳ Туро хостанд, эй сазовор шоҳ. Ба рӯзи ҳумоюн Зави некбахт Биёмад, баромад бар афрози тахт. Бузургон бар ӯ офарин хонданд, Нисори шаҳӣ бар вай афшонданд. Ба шоҳӣ бар ӯ офарин кард Зол, Нишаст аз бари тахт Зав панҷ сол. Куҳан буд дар сол ҳушёрмард, Ба доду ба хубӣ ҷаҳон тоза кард. Сипаҳро зи роҳи бадӣ боздошт, Ки бо покяздон ба дил роз дошт.