КУШТА ШУДАНИ АҒРИРАС БА ДАСТИ БАРОДАР
Чу Ағрирас омад зи Омул ба Рай,
Аз он кори ӯ огаҳӣ ёфт кай.
Бад-ӯ гуфт, к-«Ин чист, к-ангехтӣ,
Ки бо шаҳд ҳанзал биёмехтӣ?!
Бифармудамат, к-ин бадонро бикуш,
Ки ҷои хирад несту ҳангоми ҳуш.
Ба дониш наёяд сари ҷангҷӯй,
Биёбад ба ҷанг - андарун обрӯй.
Сари марди ҷангӣ хирад наспарад,
Ки ҳаргиз наёмехт кин бо хирад.»
Чунин дод посух ба Афросиёб,
Ки «Лахте бишояд ҳам аз шарму об.
Ҳар он гаҳ к-ат омад ба бад дастрас,
Зи Яздон битарсу макун бад ба кас,
Ки тоҷу камар чун ту бинад басе,
Нахоҳад шудан ром бо ҳар касе.»
Чу бишнид Афросиёб ин сухун,
На сар дид посух мар онро, на бун.
Яке пур зи оташ, яке пурхирад,
Хирад бо сари дев кай дархурад.
Сипаҳбад барошуфт чун пили маст,
Ба посух ба шамшер ёзид даст.
Миёни бародар ба ду ним кард,
Чунон некдил шуд ҳушивор мард.
Чу аз кори Ағрираси номдор
Хабар шуд сӯи Золи Соми савор.
Чунин гуфт, к-«Акнун сари бахти ӯй
Шавад тору вайрон шавад тахти ӯй.»
Бизад нои рӯину барбаст кӯс,
Биёрост лашкар чу чашми хурӯс.
Сипаҳбад сӯи Порс бинҳод рӯй,
Ҳаме рафт пурхашму дил кинаҷӯй.
Зи дарё ба дарё ҳама мард буд,
Рухи моҳу хуршед пургард буд.
Чу бишнид Афросиёб ин сухун,
Ки Дастони ҷангӣ чӣ афканд бун,
Биёвард лашкар сӯи Хори Рай,
Биёрост ҷангу бияфшурд пай.