Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

СИЁҲ ВА САПЕД

Шабе расид, ки дар орзуи субҳи умед, Ҳазор умри дигар бояд интизор кашид. Дар осмони саҳар истода буд гумон, Сиёҳ кард маро осмони бехуршед. Ҳазор сол зи ман дур шуд ситораи субҳ, Бибин, к-аз ин шаби зулмат ҷаҳон чӣ хоҳад дид? Дареғи ҷони фурӯрафтагони ин дарё, Ки рафт дар сари савдои сайди марворид. Набуд дар садафе он гуҳар, ки меҷустем, Сафои ашки ту бод, эй хароб, ганҷи умед. Надонам, он ки дилу дини мо ба савдо дод, Баҳои он чӣ гирифту ба ҷои он чӣ харид? Сиёҳдастии он соқии мунофиқ бин, Ки заҳр рехт ба ҷоми касон ба ҷои набид. Сазост гар биравад рӯди хун зи синаи дӯст, Ки барқи дашнаи душман надиду дасти палид. Чӣ нақш бохтӣ, эй рӯзгори рангомез, Ки ин сапед сияҳ гашту он сиёҳ сапед? Куҷост он ки дигар раҳ салои ишқ занад, Ки ҷони мост гаравгони он навою навид? Биё, ки табъи ҷаҳон ногузири ин ишқ аст, Ба ҷодуӣ натавон гашт оташи ҷовид. Равонсиёҳ, ки ойинадори хуршед аст, Бибин, ки аз шаби умраш сапедае надамид.