АЗАЛӢ
Чу шаб ба роҳи ту мондам, ки моҳи ман бошӣ,
Чароғи хилвати ин ошиқи куҳан бошӣ.
Ба сони сабза парешони саргузашти шабам,
Наёмадӣ ту, ки маҳтоби ин чаман бошӣ.
Ту ёри Хоҷа нагаштӣ ба сад ҳунар, ҳайҳот,
Ки бар муроди дили беқарори ман бошӣ.
Туро ба ойинадорон чӣ илтифот бувад?
Чунин ки шефтаи ҳусни хештан бошӣ.
Дилам зи нозукии худ шикаст дар ғами ишқ
В-агарна аз ту наёяд, ки дилшикан бошӣ.
Висоли он лаби Ширин ба Хусравон доданд,
Туро насиб ҳамин бас, ки Кӯҳкан бошӣ.
Зи чоҳи ғусса раҳоӣ набошадат ҳарчанд,
Ба ҳусни Юсуфу тадбири Таҳмтан бошӣ.
Хамӯш, Соя, ки фарёди булбул аз хомист,
Чу шамъи сӯхта он беҳ, ки бесухан бошӣ.