Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ТОХТ КАРДАНИ МАНУЧЕҲР БАР СИПОҲИ ТУР

Бад-он гаҳ ки равшанҷаҳон тира гашт, Талоя пароканд бар гирди дашт, Ба пеши сипаҳ Қорани размзан Або ройзан Сарв-шоҳи Яман. Хурӯше баромад зи пеши сипоҳ, Ки «Эй номдорону шерони шоҳ. Бидонед, к-ин ҷанги оҳарман аст, Ҷаҳонофаринро ба дил душман аст. Миён баста дореду бедор бед, Ҳама дар паноҳи ҷаҳондор бед! Касе к-ӯ шавад кушта з-ин размгоҳ, Биҳиштӣ шавад, шуста пок аз гуноҳ. Ҳар он кас, ки аз лашкари Чину Рум Бирезанд хуну бигиранд бум, Ҳама некноманд то ҷовидон, Бимонанд бо фарраи мӯбадон. Ҳам аз шоҳ ёбанд дайҳиму тахт, Зи солор зарру зи додор бахт. Чу пайдо шавад чоки рӯзи сапед, Ду баҳра бипаймояд аз рӯз шед, Бубандед яксар миёни ялӣ Або гурзу бо ханҷари кобулӣ. Бидоред яксар ҳама ҷои хеш, Яке аз дигар пой манҳед пеш». Сарони сипаҳ меҳтарони далер Кашиданд саф пеши солори шер. Ба солор гуфтанд: «Мо бандаем, Худ андар ҷаҳон баҳри шаҳ зиндаем. Чу фармон диҳад, мо ҳам эдун кунем, Заминро ба ханҷар чу Ҷайҳун кунем!» Сӯи хаймаи хеш боз омаданд, Ҳама бо сари кинасоз омаданд. Сапеда чу аз ҷои худ бардамид, Миёни шаби тира - андар хамид, Манучеҳр бархост аз қалбгоҳ, Або ҷавшану теғу румикулоҳ. Сипаҳ яксара наъра бардоштанд, Синонҳо ба абр - андар афроштанд.