КУШТА ШУДАНИ ТУР БАР ДАСТИ МАНУЧЕҲР
Чу аз рӯзи рахшанда ниме бирафт,
Дили ҳарду ҷангӣ зи кина битафт.
Ба тадбир бо якдигар сохтанд,
Ҳама рои беҳуда андохтанд,
Ки чун шаб шавад мо шабехун кунем,
Ҳама дашту ҳомун пур аз хун кунем.»
Чу омад шабу рӯз шуд дар ниҳон,
Сиёҳӣ гирифта саросар ҷаҳон,
Ду бедодгар лашкар оростанд,
Шабехун ҳаме б-орзу хостанд.
Чу корогаҳон огаҳӣ ёфтанд,
Давон зӣ Манучеҳр биштофтанд.
Шунида ба пеши Манучеҳршоҳ
Бигуфтанд, то барнишонад сипоҳ.
Манучеҳр бишниду бикшод гӯш,
Сӯи чора шуд марди бисёрҳуш.
Сипаҳро саросар ба Қоран супурд,
Камингоҳ бугзид солори гурд.
Бибурд аз сарон номвар сӣ ҳазор
Далерону мардони ханҷаргузор.
Камингоҳро ҷой шоиста дид,
Саворони ҷангиву боиста дид.
Чу шаб тира шуд, Тур бо сад ҳазор
Биёмад камар бастаи корзор.
Шабехун сиголидаву сохта,
Синонро ба абр - андар афрохта.
Чу омад, сипаҳ дид бар ҷои хеш,
Дурафши фурӯзанда бар пой пеш.
Ҷуз аз ҷангу пайкор чора надид,
Хурӯш аз миёни сипаҳ баркашид.
Зи гарди саворон ҳаво баст меғ,
Чу барқи дурахшанда пӯлодтеғ.
Ҳаворо, ту гуфтӣ, ҳама барфурӯхт,
Чу алмос рӯи заминро бисӯхт.
Ба мағз - андарун бонги пӯлод хост,
Ба абр - андарун оташу бод хост.
Баровард шоҳ аз камингоҳ сар,
Набуд Турро аз дурӯя гузар.