ФАТҲНОМАИ МАНУЧЕҲР НАЗДИ ФАРИДУН
Ба шоҳ Офаридун яке нома кард
Зи неку бади рӯзгори набард.
Нахуст аз ҷаҳонофарин кард ёд,
Худованди хубиву покиву дод.
Сипос аз ҷаҳондори фарёдрас,
Нагирад ба сахтӣ ҷуз ӯ даст кас,
Ки ӯ раҳнамоясту ҳам дилкушой,
Ки ҷовид бошад ҳамеша ба ҷой.
Дигар, офарин бар Фаридуни бурз,
Худованди тоҷу худованди гурз.
Ҳамаш доду ҳам дину ҳам фарраҳӣ,
Ҳамаш тоҷу ҳам тахти шоҳаншаҳӣ.
Ҳама ростӣ рост аз бахти ӯст,
Ҳама фарру зебоӣ аз тахти ӯст.
Расидам ба фаррат ба Туронзамин,
Сипаҳ баркашидему ҷустем кин.
Ба меҳраш мадор, эй бародар, умед,
Агарчи диҳад бекаронат навид.
Манучеҳр чун гашт пирӯзбахт,
Сари Тур бубриду баргашт сахт.
Се ҷанги гарон карда шуд дар ду рӯз,
Чи дар шаб, чи бо хури гетифурӯз.
Аз эшон шабехуну аз мо камин,
Кашидему ҷустем ҳар гуна кин.
Шунидам, ки сози шабехун гирифт,
Ба бечорагӣ роҳи афсун гирифт,
Камин сохтам аз паси пушти ӯй,
Намондам ба ҷуз бод дар мушти ӯй.
Якояк чу аз ҷанг баргошт рӯй,
Пай - андар гирифтам, расидам бад-ӯй.
Ба хафтон-ш-бар найза бигзоштам,
Чу бод аз сари зин-ш бардоштам.
Бияфкандамаш чун яке аждаҳо,
Буридам сараш з-он тани бебаҳо.
Фиристодам инак ба назди ниё,
Бисозам кунун Салмро кимиё.
Чунон чун сари Эраҷи шаҳрёр
Ба тобути зар андарафканд хор.