Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ФИРИСТОДАНИ ФАРИДУН МАНУЧЕҲРРО БА ҶАНГИ ТУР ВА САЛМ

Ҳамон гаҳ хабар бо Фаридун расид, Ки лашкар бад-ин сӯи Ҷайҳун расид, Бифармуд пас, то Манучеҳршоҳ Зи паҳлӯ ба ҳомун гузорад сипоҳ. Яке достон зад ҷаҳондида кай, Ки марди ҷавон чун бувад некпай. Ба дом оядаш носиголида меш, Паланг аз паси пушту сайёд пеш. Шикебову бо ҳушу рою хирад Ҳижабри жиёнро ба дом оварад. Ва дигар куҷо мардуми бадкуниш, Ба фарҷом рӯзе бипечад танаш. Ба бодафраҳ он гаҳ шитобидаме, Ки тафсидаоҳан битобидаме. Манучеҳр гуфт: «Эй сарафроз шоҳ, Кӣ ояд ба наздики ту кинахоҳ? Магар бад сиголад бад-ӯ рӯзгор, Ба ҷону тани худ хурад зинҳор? Ман инак миёнро ба румизиреҳ Бибандам, ки накшоям аз тан гиреҳ. Ба кин ҷустан аз дашти овардгоҳ Барорам ба хуршед гарди сипоҳ. Аз он анҷуман кас надорам ба мард, Куҷо ҷуст ёранд бо ман набард!» Бифармуд, то Қорани размҷӯй Зи паҳлӯ ба дашт андаровард рӯй. Саропардаи шоҳ берун кашид, Дурафши ҳумоюн ба ҳомун кашид. Ҳаме рафт лашкар гурӯҳогурӯҳ, Чу дарё биҷӯшид ҳомуну кӯҳ. Чунон тира шуд рӯзи равшан зи гард, Ту гуфтӣ, ки хуршед шуд лоҷвард. Зи лашкар баромад саросар хурӯш, Ҳаме кар шудӣ мардуми тезгӯш. Хурӯшидани тозиаспон ба дашт Зи бонги табира ҳаме баргузашт. Зи лашкаргаҳи паҳлавон бар ду мил Кашида дурӯя рада жандапил.